7-уми ноябр театри тоҷик 92 сола шуд. Ба ин муносибат қарор аст дар театрҳои кишвар намоишҳои идона баргузор шаванд ва дар маҳфилҳо аз бурду бохти ин бахши фарҳангу ҳунари Тоҷикистон суҳбат кунанд. Солҳои охир нигарониҳо аз вазъи театри тоҷик зиёд мешавад.
Як балеринаи тоҷик мехоҳад, ки бо ҳунараш назари ҷомеаро ба ин навъи рақс тағйир бидиҳад.
Агар академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, писари қозикалони Бухоро, зинда мебуд, ба синни 95 мерасид. Ӯ нӯҳ сол пеш дар шаҳри Душанбе даргузашт, аммо қабл аз он як муддат дар Теҳрон буд ва дар онҷо муолиҷа мегирифт.
Дар вилояти Хатлон иштиёқи ҷавонон ба омӯхтани забони англисӣ меафзояд ва онҷо марказҳои нави омӯзиши ин забон боз мешаванд. Радиои Озодӣ ба яке аз ин марказҳо рафт ва бубинед, чӣ дид.
Дар Душанбе як ҷашнворае баргузор шуд, ки намоиши филмҳои кутоҳ бахше аз он буд. Филмҳое, ки набояд аз чор дақиқа бештар бошанд ва дар ҳамин чаҳор дақиқа паёми қавие ба мардум бидиҳанду онҳоро ба андеша водор намоянд.
Ду филми кутоҳи коргардонҳои ҷавони тоҷик барои онҳо панҷ ҷоиза овард. Яке аз ин филмҳо мушкили доғи ҷомеаи Тоҷикистон, ҷудошавии оилаҳо ва бесаробон мондани занони ҷавонро ба риштаи тасвир кашидааст. Таҳиягарони филм гуфтанд, “Сарбор” аз ҳаёти воқеии як зани тоҷик таҳия шудааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарф аз ин марди озодандеш мезананд ва аз талошҳои ӯро дар солҳои сиёсати каримовӣ, дар бастани мактабҳо ва марказҳои фарҳангии ҷомеаи тоҷикон дар Узбекистон ёдоварӣ мекунанд.
"Суғдсинамо" филмеро дар бораи Саидмурод Давлатов ба намоиш гузошт, ки баҳси ҷонибдорон ва мухолифони ӯро барангехт. Давлатовро дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳамчун равоншинос ва мураббии соҳибкорони навроҳ мешиносанд, вале назарҳо нисбат ба ӯ ва кораш якранг нест.
"Суғдсинамо" филмеро дар бораи Саидмурод Давлатов ба намоиш гузошт, ки баҳси ҷонибдорон ва мухолифони ӯро барангехт. Давлатовро дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳамчун равоншинос ва мураббии соҳибкорони навроҳ мешиносанд, вале назарҳо нисбат ба ӯ ва кораш якранг нест. Тафсилотро дар видео бинед.
Мақомоти Толибон гуфтаанд, ки аз намояндагони ЮНЕСКО, Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал хостаанд, ба Афғонистон баргарданду корашонро барои муҳофизати осори бостонӣ аз ҷумла пайкараҳои азими Буддо дар Бомиён идома диҳанд. Пайкараҳое, ки худи Толибон тарконда ба гарду хок табдил доданд.
Мақомоти “Толибон” гуфтанд, ки аз намояндагони ЮНЕСКО, Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал, хостаанд, ба Афғонистон баргарданду корашонро барои муҳофизати осори бостонӣ, аз ҷумла пайкараҳои азими Буддо дар Бомиён идома диҳанд.
Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, адиби шинохтаи тоҷик дар синни 78-солагӣ дар шаҳри Самарқанд даргузашт. Дар ин бора Адаш Истад, шоири тоҷики муқими Самарқанд ва аз дӯстони Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар сафҳаи фейсбукиаш хабар додааст.
Ёфтҳои бештар