Агар умр вафо мекард, рӯзи 25 декабр Худойназар Асозода, пажӯҳишгари саршиноси адабиёти тоҷик, ки солҳо дар донишгоҳҳои Тоҷикистон тадрис карда, муддате раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҳам буд, 80-сола мешуд.
Дар Тоҷикистон беш аз 60 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ сабт шудааст ва тахминан сад нафари онҳо пайрави мазҳаби католикӣ мебошанд.
Масҷиди Сангин, ки дар наздикиҳои қалъаи Ҳисор воқеъ аст, ба бовари таърихшиносон, то замони истилои араб як ибодатгоҳи оташпарастон будааст.
Шабнами Сурайё, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, ки сурудҳояш аз тариқи расонаҳои давлатӣ пахш намешаванд, имсол ҷоизаи озмуни “Tarona Music Award”-ро гирифт.
Фаррух Рӯзиматов, ҳунарманди шоистаи балети Тоҷикистон ва ҳунарманди мардумии Русия аз театри “Мариинский”-и Санкт-Петербург аз имрӯз, 6-уми декабр сарбалейтместери театри опера ва балети Тоҷикистон таъйин шудааст.
Аскар Ҳаким, шоири халқии Тоҷикистон, олим, мунаққид, рӯзноманигор ва ҳам нафаре, ки солҳои зиёд ҳамчун мансабдори мақомҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ шинохта мешавад, тирамоҳи имсол 75 сола шуд.
Чаро баҳси кӯчондани хона-музейи Айнӣ бархост? Тоҷикистон ба хати форсӣ гузарад, чӣ хоҳад шуд? Гуноҳи муаллифи “Гузашти айём” чӣ буд? Ҳоло нависандаи хуб нест ё асари хонданӣ? Посухи ин ва суолҳои дигарро аз адабиётшиноси тоҷик, Абдухолиқ Набавӣ, пурсидем.
Дар зодгоҳи Кароматулло - шаҳри Кӯлоб маросими ёдбуди ин ситораи ҳунар бо ҳузури фарзандони овозхонаш барпо шуд, ки бо таронаву оҳангҳояш дар мусиқии эстрадаи миллии солҳои 1980-ум рангу ҷилои тоза бахшидааст.
Тағоймурод Розиқов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ки бо иҷрои нақшҳое назири «раиси ланг» ва «Владимир Ленин» дар миёни тамошобинҳои тоҷик шуҳрат ёфтааст, ба синни 75 расид.
Сайрам Исоева, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, барои нақш офаридан ба камияш дар ду филми узбекӣ қарордод бастааст. Ӯ мегӯяд, созишҳои нав баъди гирифтани ҷоизаи "Дурдонаҳои Шоҳроҳи Абрешим" дар моҳи сентябри имсол дар Узбекистон ба даст омад. Ин ҷоиза бист ҳазор доллар арзиш дорад
Радиои “Азия Плюс” тасмим гирифтааст, ки баъди чанд соли таъхир дар шаҳри Душанбе маросими “Tarona Music Award”-ро баргузор кунад.
Сабоҳат Қосимова, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, 70-сола шуд. Ӯ ҳамсари коргардони шинохта Фаррухи Қосим ва хоҳари овозхони маъруф Муқаддас Набиева аст.
Ёфтҳои бештар