Дар шаҳри Душанбе аз Тӯрақул Зеҳнӣ, шоиру забоншинос ва муаллифи "Санъати сухан", ки бархе ӯро "дасти рости Айнӣ" ҳам меноманд, ёд оварданд. Ӯ 130 сол пеш ба дунё омад ва дар солҳои чилуми асри гузашта зери истибдоди сталинӣ ба Сибир бадарға шуд.
Дар бисёре аз кишварҳо, аз Осиёи Марказӣ гирифта то Қафқозу Ховари Миёна ва гӯшаҳои дигари ҷаҳон, рӯзи 21-уми март Наврӯз – соли нави форсиро таҷлил карданд. Чӣ гуна? Дар аксҳои зер бинед.
Дар ҳоле, ки ҷашни Наврӯз дар ҳама кишварҳои ҳавзаи ин ҷашни бостонӣ ба таври бошукӯҳ таҷлил мешавад, дар Афғонистон, ки хостгоҳи ин Наврӯзи Аҷам гуфта мешавад, хабаре аз баргузории расмии он нест.
уфтан кофист, ки ягон арбоби барҷастайи илму фарҳанги Аҷам дар ҳаққи забону маданияти қавму мардуми ғайр бадгӯйӣ накарда, урфу одатҳойи ягон халқро наҳ назада, аз рӯйи хусумати миллию мазҳабӣ ва ё кини таърихӣ ба иззати нафси мардуми ягон марзу буми бегона нарасидааст.
Дар раванди худшиносии миллӣ, ки дар даврони Истиқлол тақвияту густариш ёфт, муҳимтарин ва мубрамтарин тадбир хештаншиносии байналмилалӣ аст, ки ҳанӯз ба ҳадди бояду шояд роҳандозӣ нашудааст.
Урун Кӯҳзод, нависандаи халқӣ ва муаллифи романи “Ҳайҷо”, мегӯяд, бозори адабиёт дар Тоҷикистон касод шудааст ва ба сабаби набудани минбару майдон дигар эҷод намекунад. Ӯ рӯзи 15-уми март 85-сола мешавад. Хабарнигори Радиои Озодӣ бо ин баҳона бо нависанда суҳбат кард.
Рӯзи 11-уми март 110-солагии драматурги шинохтаи тоҷик, Ғанӣ Абдулло, ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат писараш, таҳлилгари саршинос Рашид Ғанӣ Абдулло, баъзе аз хотира ва андешаҳои худро пешкаши хонандагони гиромӣ мекунад.
Зулфия Баҳриддинова 91 сол умр дид, аммо аз худ осоре боқӣ гузоштааст, ки шояд садсолаҳо ҳифз шаваду дар хотираи таърих бимонад. Ӯ соли 2003 даргузашт. Фарзон Муҳамадӣ дар ростои 100-солагии ин зани ҳунарманд моро ба сайри сӯзанӣ ё офаридаҳои ӯ мебарад.
Адабиёти бузурге, ки бо номи зан оғоз шудаву бо ишқи зан парвоз ёфтаву бо васфи зан давом ёфтаву бо лутфи зан ҷовидон гашта. Чӣ дар сатҳи адабиёти мардумиву шифоҳӣ ва чӣ дар сатҳи адабиёти касбию китобӣ; аз худи Одамушшуаро то имрӯзиёнаш.
Муфиза Кенҷаеваи 25-сола наққоши диҷитол ё рақамӣ, як бахши нави ҳунар дар Тоҷикистон аст. Вай чеҳраҳо, дарду ранҷи одамон ва хатарҳоро ба муҳити зист на дар рӯйи варақ, балки дар компютер тасвир мекунад.
Толиб Шаҳидӣ, оҳангсози маъруфи тоҷик, дар асари наваш бо садои кӯдакон ба ҷаҳон паёми сулҳ мефиристад. Қарор аст, асари нави ӯ бо номи “Тик-ток” дар иҷрои хори кӯдакон бори аввал моҳи марти имсол дар як калисои Маскав садо бидиҳад.
Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманду ҳаҷвнигори шинохтаи Тоҷикистонро дар оромгоҳи Заргари ноҳияи Кушониён дафн карданд. Ӯ рӯзи 17-уми феврал дар 57-солагӣ даргузашт. Баъзе аз ҳамкасбонаш гуфтанд, "аз фишорбаландӣ ранҷ мекашид." Пизишкон гуфтанд, "аз сактаи қалбӣ даргузашт".
Ёфтҳои бештар