Дар як гӯшаи Панҷакент наққош ё нигоргаре ҳаст, ки на бо қалам, балки бо пояҳои ҷаву гандум табиат ва одамонро тасвир мекунад. Зиёвиддин Мирзоев худро аз нахустин рассомоне медонад, ки дар Тоҷикистон ба ин навъи ҳунар рӯ оварда, вале ҳанӯз фоидае нагирифтааст.