Дар шаҳри Душанбе кӯчондани ёдгории меъмории "Майдони Ғалаба" ё ба гуфтаи душанбегиҳо, "Танка" аз нишебии маъруф ба "Текстил" ба "Боғи Ғалаба" дар канораи шарқии пойтахт, оғоз ёфтааст. Бино бар қарори ҳукумати шаҳр, дар ҷойи он эстакада ё роҳи дутабақа сохта мешавад.
Як илова ба Қонуни нави фарҳанги Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки аз ин ба баъд сафарҳои дохиливу хориҷии ҳунармандони тоҷик ва барномаи ҳунарии онҳо бояд бо Вазорати фарҳанг ҳамоҳанг карда шавад.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон панҷ китоберо барандаи имсолаи озмуни "Китоби сол" эълон кардааст, ки ба гуфтаи тоҷирон таваҷҷуҳи харидорон ба онҳо чандон зиёд нест. Инҳо "Меҳвари меҳр", "Барфи хунолуд", "Достони Нозкул", "Чароғи Раҳнамо" ва "Гавазн ва шикорчӣ" ҳастанд.
Таҳиягарони як филми муштараки Тоҷикистону Эрон ният доранд, ки маҳсули кори худро ба ҷоизаи “Оскар” пешниҳод кунанд.
Дар шаҳри Душанбе ошхонаи азимеро бо номи “Дунёи ош” боз карданд, ки ба гуфтаи мақомот дар Осиёи Марказӣ мисли он вуҷуд надорад.
Дар маҳфиле дар Душанбе аз Низом Нурҷонов, яке аз чеҳраҳои маъруфи фарҳанги тоҷик, ёд карданд. Агар умр вафо мекард, ин пажӯҳишгар рӯзи 18-уми декабр 100-сола мешуд.
Дар яке аз шаҳрҳои қадимии Туркия имрӯз ҳам ҳунарҳои мардумиро пеш мебаранд. Гулдӯзиву зардӯзӣ ва бофандагӣ аз ҳунарҳоест, ки дар шаҳри Ғозиёнтеппа аксаран модарон қабл аз арӯсии духтаронашон онро анҷом медиҳанд. Ҳунари марумиву қадимие, ки дар бархе минтақаҳои Тоҷикистон низ ҳанӯз аз роиҷ аст.
Сабзаалӣ Шариф, рассоми шинохтаи тоҷик, Сайф Раҳимзоди Афардиро "нависандаи қолабшикан" номид, ки ба гуфтааш "ҳанӯз ӯро дар адабиёт дарк накардаанд".
Фаррух Ҳасанов, овозхони 25-солаи тоҷик, баъди пирӯзӣ дар тарҳи мусиқии "Ну-ка, все вместе!" дар Русия ба Душанбе баргашт. Даҳҳо нафар шоми 28-уми ноябр ба пешвозаш ба фурудгоҳ шитофтанд.
Дар Тоҷикистон, таълими хатти форсӣ дар макотиби миёна ҳатмист, вале на ҳамаи шогирдон бо ин хат пурра хондаву навишта метавонанд. Дар кишвар хатти кирилӣ роиҷ аст, ҳарчанд рӯшанфикрони тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлол ҷонибдори гузариш ба хатти форсӣ ҳастанд.
Ёфтҳои бештар