Аз ин ба баъд рӯзҳои панҷшанбе дар мактабҳои пойтахт рӯзи маъмулии дарсӣ нест. Дар ин рӯз дар баробари омӯзгорон кормандони пулис дар дарсҳо иштирок ва раванди таълимро назорат мекунанд.
Беш аз 20 духтар аз чаҳор ноҳияи кӯҳистонӣ дар Тоҷикистон ба омӯзиши ҷангалбонӣ, роҳбаладӣ ва назорату муҳофизати ҳайвоноти нодир ҷалб шудаанд.
Барои аввалин бор як довталаби нобино аз ҳаққаш дифоъ кард ва донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон шуд.
"Навраси гирифтори аутизм ё дархудмондагӣ дар тифлӣ ятим мемонад ва баъди ғарқ шуданаш дар ҳавзи оббозӣ як муддат дучори марги клиникӣ мешавад. Баъди наҷот аз ин ҳолат ба як инсони дорои нерӯ ва истеъдоди фавқулодда табдил меёбад".
Шурӯи соли нави таҳсил бозори манзилҳои иҷораро дар Душанбе гарм кардааст. Донишҷуён, ки мӯҳтоҷи иҷораи хона ҳастанд, роҳи дигаре ҷуз розӣ шудан бо нархҳои гарони соҳибхонаҳоро надоранд.
Маҷаллаи машҳури илмии Nature energy як мақолаи олими ҷавони тоҷик Мақсуд Саидаминовро нашр кардааст. Ин нахустин мақолаи илмии як олими тоҷик аст, ки дар ин маҷаллаи маъруфи илмӣ ба нашр мерасад.
Ҷамшед Саидов дар зинаи магистратура дар донишгоҳи давлатии Шинҷони Чин таҳсил мекунад. Ӯ соли гузашта бар асоси як озмуне, ки аз суи комиссияи салоҳиятдор таъсис шуда буд, квотаро ба даст овард.
Нахустин шикоят аз озори лафзӣ ва таҳқири зан дар Душанбе аз сӯйи гурӯҳи ҷавонон дар фурсати кӯтоҳ ба додгоҳ рафт. Шикояти хабарнигори Радиои Озодӣ ба номи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки рӯзи 7 август ироа шуд, ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ ирсол гардид.
Шаби 6-ум ба 7-уми август хонадони зиёд дар Тоҷикистон ҳаяҷонзада буданду ҳазорҳо ҷавон чашм аз телефон намеканданд. Аксарият паёми тақдирсозро интизор буданд. Пайёмеро, ки бо гирифтанаш бархе аз шодӣ ашк рехтанд ва гурӯҳе ҳам то андозае ноумед шуд.
Вазорати маориф мегӯяд, қарор аст, як ширкати чинӣ дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон барои садҳо муҳассил се мактаби замонавӣ ва муҷаҳҳаз бисозад. Созишнома дар ин заминаро вазорат рӯзи 3-уми июл бо ширкати «Power China»-ро имзо кардааст.
Дар як занозании гурӯҳӣ шаби 7 -уми июл дар шаҳри Душанбе ду ҷавон захмӣ шудаанд ва мақомоти интизомӣ тақрибан 20 нафарро бо иттиҳоми авбошӣ ва халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир кардаанд.
Ба думболи марги чанд кӯдак дар рӯдхонаву кулҳои Тоҷикистон, мақомот ба волидайн ҳушдор додаанд, ки агар фарзандонашонро дар соҳили дарёву маконҳои мамнӯи оббозӣ танҳо пайдо кунанд, ҷазо мегиранд.
Ёфтҳои бештар