Вазорати маориф мегӯяд, қарор аст, як ширкати чинӣ дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон барои садҳо муҳассил се мактаби замонавӣ ва муҷаҳҳаз бисозад. Созишнома дар ин заминаро вазорат рӯзи 3-уми июл бо ширкати «Power China»-ро имзо кардааст.
Дар як занозании гурӯҳӣ шаби 7 -уми июл дар шаҳри Душанбе ду ҷавон захмӣ шудаанд ва мақомоти интизомӣ тақрибан 20 нафарро бо иттиҳоми авбошӣ ва халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир кардаанд.
Ба думболи марги чанд кӯдак дар рӯдхонаву кулҳои Тоҷикистон, мақомот ба волидайн ҳушдор додаанд, ки агар фарзандонашонро дар соҳили дарёву маконҳои мамнӯи оббозӣ танҳо пайдо кунанд, ҷазо мегиранд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе гурӯҳе аз ҷавононро, ки баҳори имсол бо занозанӣ ва харобкорӣ сокинони гӯшае аз пойтахтро ба ҳарос оварданд, ба зиндон маҳкум кард.
Кормандони комиссариати низомӣ дар ноҳияи Данғара як духтаре аз Кӯлобро писар пиндошта ва хостаанд, маҷбурӣ барои хидмат ба артиши миллии Тоҷикистон бифристанд.
Донишгоҳҳои як вилояти умдатан мусулмоннишини Чин ба донишҷӯёни тоҷик ҳушдор додаанд, ки рӯза нагиранд, вагарна аз донишгоҳ ихроҷ мешаванд.
Як саҳнаи ҳаҷвӣ дар бораи қонуни пурбаҳси танзим дар Тоҷикистон, боиси бо баҳсу ҷанҷол анҷом ёфтани "Маҳфили зарифон" шуд. КВН ва ё "Маҳфили зарифон" шоми 30-уми май миёни донишҷӯёни ду донишгоҳ - дастаи "Наврӯз"-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва "Муҳандиси ҷавон"-и Донишгоҳи техникӣ баргузор шуд.
Ҳабдаҳ мототсиклрон аз Финландия бо тай кардани 17 кишвар ва 15 ҳазор километр, мехоҳанд таваҷҷӯҳи мақомот ва мардумро ба таҳсили духтарон ҷалб созанд.
Одилҷон Ҳамидов соли гузашта риштаи кимиёи яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистонро хатм кард ва қарор буд, тибқи роҳхати донишгоҳ барои кор ба мактаби зодгоҳаш ба ноҳияи Мӯъминобод бармегашт.
Вазорати умури хориҷии Амрико номи 10 "лидери навпо"- ро эълон кард, ки дар байни онҳо як ҷавони 22-солаи тоҷик низ ҳаст. Ҷоизаи “лидери навпо” -ро Вазорати умури хориҷии Амрико ба онҳое тақдим мекунад, ки “барои сулҳу пешрафт ва фароҳам кардани имконот” талоши зиёд ба харҷ додаанд.
Барои аввалин бор аз кормандони тамоми муассисаҳои кишвар ва муҳассилини донишгоҳҳо дар Тоҷикистон даъват шудааст, ки як рӯз аз истифодаи мошин даст кашанд ва ба кору дарсу сайругашт бо дучарха раванд.
Дар Тоҷикистон аз ин баъд онҳоеро, ки дар роҳу шоҳроҳҳои кишвар пойгаҳ ташкил мекунанд, ҷаримаҳои бузург мебанданд ва ё ду сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум мекунанд.
Ёфтҳои бештар