Барандаи ҷоизаи Нобел ва мудофеи ҳуқуқи башар аз масъулони ЮНИСЕФ хостааст, аз зиндонҳои Эрон боздид кунанд.
Бархе аз сокинони кишвар мегӯянд, таътили зимистонаи мактаббачаҳо, барои волидонашон мушкил пеш овардааст.
Мактабҳои олии Тоҷикистон, ки дорои ихтисоси омӯзгорианд, акнун мутахассисони соҳаи томактабиро низ омода мекунанд.
Далер Меҳтоҷов, наққоши ҷавони тоҷик, барои ташкили намоишгоҳаш, ки таҳти унвони "Кӯзаҳо чӣ мехоҳанд?" баргузор хоҳад шуд, омодагӣ мебинад.
Донишҷӯёни тоҷик, ки тариқи саҳмия ё квотаи президентӣ дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, аз кам будани идрорпулиашон шикоят доранд.
Шаҳноза Нуриддинова, аз ҷумлаи донишҷӯёни камшумори тоҷик аст, ки бо дарёфти стипендия бори рӯзгорашро мекашад.
Калӯш дар пойи ҷавонон ба як мӯди рӯз табдил меёбад ва пурсишеро ба миён меорад, ки чаро ҷавонон ба он дил бастаанд.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, издивоҷи бармаҳалро "нақзи ҳуқуқи инсон" эълон кунанд.
Созмони “Хадамоти иҷтимоӣ” ва Хазинаи таҳсилоти Аврупо мегӯянд, аксарияти кулли ҷавонон дар Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси омӯхтаи худ ҷои кор пайдо намекунанд.
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон эълон кард, ки сар аз соли 2013 гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ мушкилтар мешавад.
Нигоҳи кӯтоҳе ба муҳимтарин рӯйдодҳои шоу-бизнес дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он дар вижагуфтори "Ояндасоз-мюзик"
Ҷавонони деҳот мегӯянд, дар сардӣ, бебарқӣ ва бекорие, ки навоҳии Тоҷикистонро фаро гирифтааст, телефони ҳамроҳ ба ягона василаи саргармиашон табдил ёфтааст.
Ёфтҳои бештар