Дар 12 моҳе, ки гузашт уқёнуси шоу-бизнес ҳолати якранг надошт. Сафинаи бархе аз овозхону ҳунармандон зери барфу тӯфон қарор гирифт ва қисме рӯи мавҷҳои ором дар шино буд. Заврақи гурӯҳе дар нимароҳ ба яхпораҳои бузург бархӯрда, пора шуд ва аммо боди форам киштии бархеро ба соҳили мурод расонд. Ин нукта ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам ҷаҳон тақрибан ҳамсон рабт мегирад.
Рианна
Муҳимтарин хабари шоу-бизнес дар оғози соли равон рекорди Рианна буд. Ин хонуми сарояндаи пуровозаи Ғарб муваффақ шуд, бо фурӯши 47 миллион нусхаи диҷиталӣ ё рақамии таронаҳояш дар саросари сайёра пешгом шавад. Нусхаи диҷиталӣ нусхабардории оҳанг тавассути пардохти маблағ буда, дар Тоҷикистон алъон роҳандозӣ нашудааст. Аз тариқи нусхаи диҷитолӣ ҳаққи заҳмати овозхон ва ё оҳанг пардохт намешавад ва ин нусхаҳоро ғайриқонунӣ медонанд.
«Асрори шоу бизнеси тоҷик»
Нахустин бор соли равон китобе дар мавриди шоу бизнеси Тоҷикистон нашр гардид. Продюсери ҷавон Беҳрӯз Зеваров пажуҳишҳои худро дар шакли як китоб ба дасти чоп дод, ки «Асрори шоу бизнеси тоҷик» ном дорад. Ба қавли ҷаноби Зеваров дар китоб талош кардааст, асрори паси пардаи ситораҳои санъати овозхонии кишварро ифшо созад. Китоби «Асрори шоу-бизнеси тоҷик» аз 12 боб таркиб ёфта, паҳлуҳои мухталифро фарогир аст ва муаллиф мегӯяд, бештар бурду бохти шоу-бизнесро таҳлилу баррасӣ кардааст.
“Грэмми”
12 феврал шаҳри Лос-Анҷелес мизбони 54-умин маросими тақдими ҷоизаҳои мусиқии “Грэмми” буд. Адел Лаури Блю Эдкинси англис дар садри ҷоизадорон қарор гирифт. Ин сарояндаи 23-сола барои таронаи «Роллинг ин зе дип» дар номинатсияҳои "Беҳтарин суруди сол", "Сабти сол", "Беҳтарин навори кӯтоҳи мусиқӣ" "Громофонҳои заррин"-ро соҳиб шуд. Албоми "21"-и вайро «Беҳтарин маҷмӯа» эътироф карданд. Адел барои ҳафт номгӯи ҷоизаҳо пешниҳод шуда буд ва шаштои онро ба худ ихтисос дод. Ин аввалин муваффақияти Адел дар соли равон набуд. Вай ҳамчунин 12 ҷоизаи Billboard Music Award-ро ба худ ихтисос дод. Вай сеюмин нафарест, ки дар доираи як ҷашнвора теъдоди зиёди ҷоизахо соҳиб шудааст. Соли 1990 Ҷанет Ҷексон 15 ҷоиза ва соли 1983 Майкл Ҷексон 13 ҷоизаро гирифта буданд.
Ҷонибек ва Манижа
Тавре дар оғоз гуфтем, дар ин гуфтор панҷ сарояндаи муваффақ ва маъруфи соли 2012-ро ҳам муайян хоҳем кард. Барои омода кардани рейтинг меҳмони дискфурӯшиҳо, нашрияҳои ба қавле зард ва радиоҳо будем. Маълумотҳои ин дӯстонамонро ҷамъу тарҳу зарбу тақсим намуда ба ин хулоса расидем, ки зинаи панҷум насиби Ҷонибек Муродов аст. Мақоми чорро Манижа Давлатова муаррифӣ мекунад. Абдувалӣ Нодиров, масъули идораи мусиқии шабакаи мустақим ва сартосарии радиои «Садои Душанбе» мегӯяд, давоми чанд сол рӯйи саҳна набудан ҳам маҳбубияти Манижаро коҳиш надодааст:
Даргузашти Олими Искандарӣ
Соли 2012 чанд ҳунарманди маъруфро барои абад аз мо рабуд. 8-уми феврал ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Олим Бобоев, маъруф ба Олими Искандарӣ дар синни 54-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷаҳон гузашт. Пизишкон иллати марги ӯро бемории ҷигар гуфтанд. Ҷанозаи ӯ дар зодгоҳаш – ноҳияи Панҷакент ба хок супурда шуд. Олим Бобоев, қаблан дар ансамбли "Шашмақом"-и Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон фаъолият мекард. Барандаи чандинкаратаи Ҷашнвораи байнулмилалии "Таронаҳои Шарқ" мебошад.
Марги мармузи Уитнӣ Ҳюстон
11-уми феврал хабари марги овозхони маъруфи амрикоӣ Уитнӣ Ҳюстон расид. Ҳюстони 48 сола дар ҳаммоми ҳуҷрааш дар меҳмонсарои “Беверлӣ-Ҳиллз”-и Лос-Анҷелес ғарқ шуд. Дар гузориши ниҳоии ташхиси пизишкӣ омадааст, ки ӯ қабл аз марг кокаин ва афюн истеъмол карда буд. Ҳюстон яке аз хонандаҳои маъруфи поп, нақшбози моҳири синамо ва серҷоизадортарин бонуи ҳунарманди ҳама давру замонҳои ИМА маҳсуб меёфт.
Донна Саммер ба тобистон нарасид
17-уми май дар Флорида «Маликаи диско»- Донна Саммер аз маризии саратон ин оламро падруд гуфт. Тибқи иттилои расонаҳо Саммер қабл аз маргаш сари албоми нави худ кор мекардааст. Саммер дар солҳои 1970 маъруфияти зиёде касб кард. Ӯ ҷоизадори панҷкаратаи «Грэмми» аст. Дар карераи худ 17 албомро пешниҳоди ҳаводоронаш кардааст.
Моҷарои сол
Моҳи феврал довталаби украинӣ барои ҷоизаи озмуни ҳунарии Аврупо “Евровижн-2012” дар васати як ҷанҷоли нажодпарастӣ қарор гирифт. Миллатгароҳои украинӣ зиди аз номи ин кишвар баромад кардани овозхон Гайтана, ки яке аз волидонаш африқоитабор аст, шуданд. Онҳо талаб карданщд, ки ба ҷои Гайтана каси дигаре ба озмун фиристода шавад.
© -- яъне ҳуқуқи муаллиф
Дар Тоҷикистон сар аз оғози соли 2012 оҳангнависону ҳунармандон дигарбора имкон пайдо карданд, то эҷоди худро сабти ном карда, дар сурати зарурӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муаллифияшон ба додгоҳ шикоят баранд. Нӯъмон Муқумов, мудири шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, агар ҳунармандоне, ки ҳуқуқи муаллифияшон нақз шудааст, ба суд муроҷиат кунанд, ҳолатҳои вайрон кардани қонун ҳам ба оҳистагӣ коҳиш хоҳад ёфт.
Нахустин клипи 3D
22-юми май дар видеопорталҳои Topstar.tj ва Topvideo.tj. нахустнамоиши аввалин клипи тоҷикӣ дар формати 3D пешниҳод гардид. Ин клип, ки бар пояи матни суруди «Мач» таҳия шуда, мутаалиқ ба овозхони попи тоҷик Фирӯза Ҳафизова аст. Фирӯза ба Радиои Озодӣ гуфт, клип дар шаҳри Тошканд, аммо аз сӯи мутахассисони укроинӣ сабт ва танзим шудааст.
"ВВП" ва "Калуши нуқрагин"
18-уми июн дар Маскав маросими ҷоизасупории “Калуши нуқрагин” сурат гирифт. Толибҷон Қурбонхонов, сарояндаи таронаи “ВВП” дар номгӯи “Нафаси чуқур” барои “талоши охирин ҷиҳати дарёфти қайди зист дар Маскав” бо ин ҷоизаи рамзӣ "мушарраф" гардид. Ҷойизаи “Калуши нуқрагин”-ро шабакаи радиоии “Борони нгуқрагин” таъсис дода ва онро “барои дастовардҳои шубҳаовар” дар номинатсияҳои мухталиф тақдим мекунад. Толибҷон Қурбонов яке аз ҳаводорони Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия то имрӯз ба вай се тарона бахшидааст, ки «ВВП», «Шукр худойро барои Вламидир» ва “Мавлуд муборак, ҷаноби президент!” ном доранд.
“Овози тилоӣ”
Мавсими сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Овози тилоӣ”, ки бо ибтикори шабакаи телевизионии кӯдакон ва наврасони “Баҳористон” роҳандозӣ мегардад, 12 нафарро муаррифӣ кард. Шаҳром Зоиров, Некрӯз Пиронов, Фаридун Алиев, Фарҳод Мақсудов, Сарфароз Почокалонов, Улуғбек Маъруфов, Ғайратҷон Пӯлодов аз шумули наврасоне ҳастанд, ки барандаи ин озмун гардиданд.
Таҳмина in English!
4-уми июл як таронаи англисии Таҳмина Ниёзова вориди панҷгонаи фестивали ҷаҳонии “Санкейн Скейл-2012” шуд. Фестивал-озмуни мазкур бо ширкати ҳунармандони ҷавони 24 давлати ҷаҳон дар Монтонегро ё Черногория сурат пазируфт. Таҳмина сазовори 67 хол аз смс-баҳодиҳии тамошобинон гашт.
Беҳтарини 60 соли охир
Ҷон Леннон, яке аз бунёдгузорони гурӯҳи маъруфи «Битл» беҳтарин хонандаи 60 соли охир эътироф гардид. Маҷаллаи бритониёии New Musical Express бахшида ба 60-умин солгарди фаъолияти худ рейтинги беҳтарин овозхон ва мутрибонро нашр кард. Беҳтаринҳо аз тариқи онлайн-овоздиҳии сомонаи маҷалла маълум шудаанд. Дар райъдиҳӣ, ки шаш моҳ идома карда, моҳи сентябр ҷамъбаст шуд, беш аз 160 000 нафар ширкат карданд.
Фарзияи MTV
Дима Билан дар пайи райъи шунавандаҳои шабакаи мусиқии телевизиони MTV «Беҳтарин овозхони аврупоӣ» эътироф шуд. Ин нахустин бор аст, ки як овозхони рус ҷоизаи «Беҳтарин сарояндаи аврупоӣ»-ро соҳиб мешавад. Барои ин ҷоиза 20 сароянда, бо шумули ғолиби озмуни «Евровижн-2012» Лорин аз Шведсия мубориза бурданд.
“Суруди сол-2012”
Ғуломҷон Миргадоев шоҳҷоиза ё “Гран-при”-и фестивал-озмуни “Суруди сол-2012”-ро гирифт. Аввалин бор ин фестивал-озмун дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд баргузор шуда, аз 70 муддаӣ 12 нафар баранда шуданд. Ҷоизаҳоро ба ғолибони озмун Мирзошорух Асрорӣ, вазири фарҳанг ва Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд супориданд.
Хит-парад
Маҳбубияти овозхонони попи тоҷик дар миёни мухлисони мусиқӣ дар давоми соли 2012 мисли обуҳаво тағйирёбанда буд. Аммо пешсафони онро метавон аз рӯйи натиҷаҳои сол ин гуна муаррифӣ кард. Дар садри раддабандӣ Садриддини Наҷмиддин қарор дорад. Ҷойи дуюм аз рӯи ҷамъи ин натиҷаҳо насиби Нигина Амонқулова шудааст, ки тақрибан ҳар ду-се моҳ бо таронаи наве рӯйи саҳна омадааст. Дар зинаи сеюм Шабнами Сурайёро ном мебаранд, ки ҳатто сурудҳои чанд сол пешаш пуршунавандаанд. 3-юми ноябр вай дар варзишгоҳи «Лужники»-и Русия ҳунарнамоӣ кард.
Маҳбуби Ганҷаалӣ ("Ояндасоз-мюзик")