Шаҳбоз Салоҳов, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон робот ва ё дастгоҳи худкореро сохтааст, ки заҳмати нақбканҳоро метавонад осонтар ва бехатар кунад.
Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, шеваи баргузории олимпиадҳои байнидонишгоҳӣ, ки ҳамасола аз сӯи вазорати маориф ва илм баргузор мешавад, чандон ҷавобгӯи талабот нест.
Масъулони созмонҳои журналистӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳудуди 70 дарсади сафҳаҳои расонаҳои мустақил, ба қалами хабарнигорони ҷавон пур мешавад.
Мирзосаид Султонов, олими 35-солаи тоҷик дар Ҷопон соҳиби унвони профеcсорӣ шуд.
Созмонҳои дохилӣ ва хориҷӣ мегӯянд, тарҳи нави қонун дар бораи "ӯҳдадориҳои ҳарбӣ" дар сурати тасвиб шуданаш "облава"-ро дар Тоҷикистон қонунӣ хоҳад кард. Иддаое, ки мақомот қабул надоранд.
Дар Академияи пулиси Қазоқистон дар шаҳри Қустанай байни донишҷӯёни маҳаллӣ ва курсантҳои тоҷик занозанӣ шудааст.
Имсол довталабони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия (РТСУ) низ дар Маркази миллии тестӣ ба қайд гирифта хоҳанд шуд. Соли гузашта онҳо шомили ин марказ набуданд.
Нашри пайдарпайи муроҷиатномаву изҳорот аз номи садҳо ҷавон дар расонаҳои Тоҷикистон ва он ҳам дар остонаи интихоботро бархе аломати бедории сиёсии ҷавонон, вале бархеи дигар як маъракаи сохта меноманд.
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд мегӯяд, бо тафтиши 40 коргоҳу муассиса мехоҳанд, ба истифода аз нерӯи кӯдакон дар иҷрои корҳои сангин нуқта гузоранд.
Дар рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон сарбозони як қисми низомӣ имкон пайдо карданд, то бо истифода аз Интернет бо наздикони худ сӯҳбатҳои видеоӣ анҷом диҳанд.
Барои аввалин бор дар артиши Тоҷикистон як ҷузъи таъиноти махсуси лижаронӣ таъсис ёфт.
Дар интихоботи навбатии парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон, ки 1 марти соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, теъдоде аз ҷавонон барои дарёфти курсӣ талош доранд. Аммо ин ҳама худҷӯш аст, ё намоишӣ?
Ёфтҳои бештар