Як хонандаи синфи даҳуми литсейи инноватсионӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон “робот”-еро сохтааст, ки дар ҳоли ҳозир бо се забон гап зада, ҳамзамон вазифаи дарбониро иҷро мекунад.
Бо пешниҳоди 2000 квотаи таҳсил дар донишгоҳҳо, Русия дар садри кишварҳое қарор гирифт, ки ҷавонони тоҷикро барои таҳсил ба донишгоҳҳо мехонанд.
Шуморе аз ҷавонони тоҷик ба таҷлили Иди Валентин омодагӣ мегиранд. Аммо мухолифони ин "Рӯзи ошиқон" низ дар Тоҷикистон кам нестанд.
Дар кӯчаҳои Душанбе як силсила "мини-казино"-ҳое пайдо шудаанд, ки маълум нест ба кӣ тааллуқ доранд, вале шумори бузурге аз наврасонро аллакай "мӯътод"-и бозиҳои монанд ба қимор кардаанд.
Додситонии низомӣ ба таҳқиқи қазияи Наҷмиддин Қаюмов, сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон, шурӯъ кард, ки бо истифода аз “Калашников” қасд ба ҷони худ намудааст.
Даҳҳо ҷавони тоҷик тасмим доранд, имсол Рӯзи Валентин ё Иди ошиқонро якҷоя бо дилдодаҳои худ дар Туркия таҷлил кунанд. Ба ин вазъ поин омадани нархи чиптаи ҳавопаймо аз Душнабе ба Истанбул сабаб шудааст.
Дар Тоҷикистон барои бори аввал давраҳои омӯзишӣ барои занбӯрпарварони ҷавон роҳандозӣ мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон аз рӯйхати 10-нафараи созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” боздошти танҳо Умедҷон Солиҳовро расман тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, бо гумони ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” аллакай “чанд нафар” дастгир шудаанд.
Аз миёни 35 намояндаи Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалӣ дар Алмаато ҳафт нафар бо медал баргашт. Онҳое, ки пирӯзӣ ба даст овардаанд, имтиёзи шомил шудан ба донишгоҳҳои Қазоқистон дарёфт карданд.
Як гурӯҳ аз донишҷӯён аз Маҳмадсаид Убайдуллоев – шаҳрдори Душанбе хостаанд, то кӯчаеро ба номи Аҳмадшоҳ Масъуд бигузорад. Зери ин нома даҳ нафар имзо гузоштаанд.
Тими мунтахаби Тоҷикистон баъд аз 5 соли танаффус барои бори аввал дар Маҳфили маъруфи байналмилалии Зарифон ё КиВиН-2015 дар шаҳри Сочии Русия ширкат мекунад.
Дар соли гузашта танҳо дар вилояти Суғд бо иттиҳоми ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ 4 парванда кушодаанд. Муҳокимаи парвандаи собиқ комиссари низомии Панҷакент дар додгоҳ алакай оғоз ёфтааст.
Ёфтҳои бештар