Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба як матлаби Радиои Озодӣ дар бораи мактаббачаҳои ҷамоати Сарихосор, ки ҳар рӯз то мактаби худ 7 километр роҳро тай мекунанд, посух дод.
Дар мактаби рақами 53 ноҳияи Восеъ хонандагон маҷбуранд пойпӯши худро дар беруни дар кашанд, зеро он барои чунин теъдоди зиёд сохта нашудааст.
Навраси 16-сола дар бораи бобояш китобе навишт, то андӯҳи худро аз даргузашти ӯ баён ва лаҳзаҳои нотакрори сӯҳбатҳои бобо ва наберарро умри ҷовид бахшад.
Дар маъракаи занги охири имсола дар баъзе аз мактабҳои миёнаи пойтахт аз хатмкунандаҳо хоста шуд, ба даъватҳои ба ном исломгароҳо дод нашаванд ва худро қурбони бозиҳои иғвогарон накунанд.
Дар мактабҳои миёна ба таълими 3 фанни нав, аз ҷумла "Таърихи дин", оғоз мекунанд. Ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав як ҳадафи аслӣ аз ҷорӣ кардани "Таърихи дин" гуфта мешавад.
Донишҷӯдухтари тоҷик, Гулнора Азизова, ба даври ниҳоии озмуни байналмилалии “Маликаи баҳор-2015” роҳ ёфтааст, ки қарор аст, то чанд соати дигар ҷамъбаст шавад.
Дар пайи натиҷагирӣ аз озмуни варзишии "Пештоз-2015", Сарвиноз Юсуфӣ соҳиби шоҳҷоиза шуда, Гулрӯ Табарова ва Шабнам Собирӣ дар мақомҳои як ва ду қарор гирифтанд.
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, наворе, ки ҳамчун латукӯби сарбозон дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ задааст, нав нест ва ба қувваҳои мусаллаҳои Тоҷикистон рабт надорад.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон маъракаи имсолаи "занги камолот"-ро боз ҳам маҳдудтар кард. Он акнун на дар саҳни мактаб, балки дар ягон синфхона ё маҷлисгоҳ баргузор хоҳад шуд.
Тарҳи роҳҳои ду ва сетабақа дар шаҳри Душанбе, ки як донишҷӯи дирӯза омода кардааст, таваҷҷӯҳи мақомоти олии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушдро ба худ ҷалб кард.
Баҳманёр Надиров, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар як нома ба Владимир Путин аз ӯ хостааст, дар шароити бӯҳронӣ муҳоҷиронро аз патенту қоидаҳои нави будубош дар Русия раҳо кунад.
Ҳунарпешаи маъруф мегӯяд, баъд аз намоиши телевизионии Русия дар бораи табдили ҷинс ва ном кардани писараш Артур зиндагиаш ба самти муқобил иваз шудааст.
Ёфтҳои бештар