"Созандагони Ватан", қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, истеъфои раҳбари собиқашро хоҳиши худи ӯ дониста, аммо иддаои ӯ дар мавриди "маҳалагароӣ" дар ҳизбро рад кард.
Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, давоми 8 соле, ки дар мактабҳо либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ аст, нобаробарӣ байни хонандаҳои дорову нодор то андозае аз байн рафта ва адолати иҷтимоӣ таъмин шудааст.
Вақте ҷавонон мегӯянд, ки чӣ хуб буд, агар дар оилаи шахси мансабдор ба дунё меомаданд, ин сухани онҳо чӣ маънӣ ва чӣ паём дорад? Худи Шумо ба чунин суол чӣ посух медиҳед?
Як гурӯҳ аз ҷавонони вилояти Бадахшон бо бардоштани акси 224 иштирокчии ҷанги бузурги ватанӣ дар Хоруғ роҳпаймоӣ карданд.
Дар вилояти Самарқанд толибаи синфи 7, баъд аз танбеҳи мудири мактаб барои аксҳои бешармона дар телефони дастияш, худкушӣ кард.
Бо ташкили дастаи футбол ва сарҷамъ кардани дӯстдорони ин навъи варзиш, Наимҷони Сайдалӣ, овозхони ҷавони тоҷик мехоҳад, ҷавононро аз роҳи бад, мисли рафтан ба ҷанги Сурия, бозгардонад.
Як пажӯҳиши нав дар бораи истифодаи телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки бештар аз 66 % ҷавонон тарафдори истифодаи телефони ҳамроҳ дар ҷараёни таълим ҳастанд.
Пажӯҳишгоҳии амрикоии "Synergos" ва бунёди Оқохон барои ташкили коргоҳҳои хурд дар минтақаҳо барои донишҷӯёни тоҷик кумак карданд.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба ҳама мактабҳои кишвар дастур додааст, ки ба қадри тавонашон дарси қолинбофиро ҷорӣ кунанд. Масъулон мегӯянд, ин тасмим барои рушди ҳунарҳои миллист.
Дар Тоҷикистон ҳанӯз қонунҳои нонавиштаи бархе аз хонавода ва минтақаҳо бетағйир боқӣ мондааст, ки бар асоси он духтарон дар синне, ки бояд пушти мизи дарсӣ бошанд, ба хонаи бахт гусел мешаванд.
Вазири маориф ва илм бо имзои як фармон аз раҳбарони шаҳру навоҳӣ ва мудири мактабҳо хостааст, Занги камолотро 6 июн, аз соати 8 то 8:45, бидуни зиёфатороӣ ва туҳфаситонӣ баргузор кунанд.
Наталя Морозова ва Наташа Сидникова, ду духтари ҷавони рус, ки дар Донишгоҳи забонҳои Маскав тоҷикӣ меомӯзанд, гуфтанд, назарашон нисбат ба муҳоҷирони кории тоҷик ва ватани онҳо тағйир кардааст.
Ёфтҳои бештар