Азизҷон Азимӣ, ҷавони 19-солаи тоҷик, яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои Амрикоро бо ду дипломи сурх хатм кард. Ӯ таҳсилашро дар риштаи иқтисод ва равобити байналмилалӣ ба поён расонд ва тасмим дорад, ки бо сипарӣ кардани як давраи кӯтоҳмуддати корӣ боз ба омӯзиш идома диҳад.
Маркази милии тестии Тоҷикистон мегӯяд, аз 84 ҳазор довталабе, ки имсол барои шомил шудан ба донишгоҳҳо ҳуҷҷат супориданд, 59 ҳазору 200 нафар бо дарёфти холҳои гузариш ба озмуни тақсимоти довталабон ба ихтисосҳо, роҳ ёфтанд.
Шаҳнози Эроншоҳ, намояндаи Тоҷикистон ба даври ниҳоии озмуни "Мисс ООН" дар шаҳри Ню-Йорк роҳ ёфтааст.
Бар асоси барномаи таҷлил аз 25-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, қарор аст, дар баробари донишҷӯён, кормандони сохторҳои давлатӣ низ ба раҳпаймоӣ ё "маршировка" ҷалб шаванд.
Як навраси нуҳсолаи тоҷик тасмим гирифтааст, ки китоби қиссаву афсонаҳояшро бо забони тоҷикӣ ва англисӣ ба табъ расонад.
Ҳудуди 1400 толибилм дар 9 мактаби шаҳри Роғун барои 5 соли баъдӣ бо нони гарм ва ғизои сервитамини ройгон таъмин хоҳанд шуд.
Баъди 10 соли "муътодӣ" ба сигор, рэпсарои шинохтаи тоҷик Шаҳбоз Шарифов, маъруф номи бо Шон МС, аз ин одат даст кашида ва саҳнаҳои сигоркаширо ҳам аз таронаҳояш дур кардааст.
Мактаби деҳаи Ғусгеф дар дараи Ромит чаҳор фасли сол барқу гармӣ надорад ва хонандагон маҷбуранд, ки дар синфхонаҳои сарду торики мактаб бо либоси ғафсу нороҳат дарс бихонанд.
Субҳи рӯзи ҷумъа дар шаҳри Хуҷанд ҳазорон тан аз ҷавонон, ки аксари онҳо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ буданд, ба тарафдорӣ аз раъйпурсӣ барои тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ раҳпаймоӣ карданд.
Як хонандаи мактаби миёна дар Душанбе бо иҷрои ҳаракатҳои ғайриоддӣ талош дорад, намуди варзиши навро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунад.
Ҳунармандони гуруҳи “Нигоҳи нав” мегӯянд, ки ҳадафи онҳо ба шакли хеле зиндатар намоиш додани саҳнаҳои ҳунарӣ ва, ҳамин тавр, дубора бозгардондани тамошобинҳо ба толори театр аст.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ ба қабули нахустин довталабон барои таҳсил оғоз кард. Донишҷӯёни ин донишгоҳ соли аввали таҳсилро дар шаҳри Норини Қирғизистон анҷом хоҳанд дод.
Ёфтҳои бештар