Аз замоне ки Тоҷикистон истиқлоли худро эълон кард, 28 сол гузашт. Дар ин давра насле ба дунё омад ва бузург шуд, ки ба гуфти таҳлилгарон бо дидгоҳҳои худ фарқ мекунад.
Меҳрнигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик, соҳиби Green Card (гринкорт)-и Амрико шудааст ва ҳоло дар Иёлоти Муттаҳида қарор дорад. Ӯ рӯзи 3-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "як умр дар он сӯи Уқёнус монданӣ нест" ва дубора ба кишвар бармегардад.
Дар Ингушистони Русия қоидаҳое таҳия шудаанд, ки ҷавононро аз хандидан, ҳуштак кашидан дар маконҳои серодам манъ карда, занонро вазифадор мекунад, ки бо либоси тангу тунук аз хона берун нашаванд ва худро аз мардҳои бегона дур гиранд.
Шамсиддин Орунбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, касе ҳақ надорад донишҷӯёнро ба таври маҷбурӣ ба “маршировка” ҷалб намояд.
Тобистони имсол дар олимпиадаҳои ҷаҳонии риёзиёту физика ва информатика, ки аз ҷумла дар Лондон сурат мегирад, Тоҷикистонро 19 хонанда намояндагӣ мекунанд. Сездаҳ нафари онҳо аз литсейи хусусии "Ҳотам ПВ" ҳастанд.
Мақомоти тоҷик бо ҳамсари дуюми марде, ки ба тарҳрезии ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Тоҷикистон гумонбар мешавад ва дар зиндони Ироқ қарор дорад, телефонӣ сӯҳбат кардаанд.
Сомон Келдиев ҳар рӯз дар мардикорбозори Душанбе мунтазири корфармо меистад. Бо он ки 18-сола аст, бори зиндагии хонавода ба дӯши ӯст.
Якуми апрел дар Тоҷикистон даъвати наваскарон ба артиш бо "нонгазон" шурӯъ шуд. Даҳҳо ҷавон дар Душанбе ва манотиқи дигар дар рӯзи нахусти даъват тайи маросимҳое бо волидон хайрухуш кардаву ба хизмати ҳарбӣ рафтанд.
Афсона Акобиршоева, хабарнигори Радиои Озодӣ, барои «саҳмаш дар рушди ҷомеа» бо ҷоизаи “Топ-50” ё хушсалиқаҳои пойтахт қадрдонӣ шуд. Радиои «Ватан» рӯзи 29-уми март озмуни 50 фарди хушсалиқаи шаҳри Душанберо ҷамъбаст кард.
Додситонии ноҳияи Сино ба таҳқиқи худкушии Муҳаммадҷон Давлатов, хонандаи мактаб-интернати рақами яки Душанбе оғоз кардааст.
Як таҳқиқи нав нишон додааст, ки 80 дарсади оилаҳо дар Тоҷикистон бар асоси муҳаббати ҷавонон ва дар фақат 20 дарсад бо хоҳишу амри волидон бунёд мешаванд.
Ёфтҳои бештар