Сабзӣ, картошка, равған, тухм, шакар, аз ҷумлаи панҷ маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳои Тоҷикистон ҳастанд, ки сабқати болоравии қимматҳояшон, то ҳоло, ҳатто мавсими ҳосилғундорӣ идома дорад.
Ҷараёни барҳамдиҳии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” расман оғоз шудааст. Иҷозатномаи ин ду бонки қаблан низомсозро Бонки миллӣ 21-уми май бозхонд кард ва садҳо муштариёни онҳо нигарони пасандозҳояшон ҳастанд.
Дар вилояти Хатлон, вилояти аслии кишоварзии Тоҷикистон, нархи пиёз ба ҳадде поин омадааст, ки харҷи деҳқонҳоро намепӯшонад. Пайомадаш чист? Худатон бубинед.
Вакилони порлумони Тоҷикистон аз тарҳе ҷонибдорӣ карданд, ки аз пули он ба 165 ҳазор хонаводаи камбизоат 500 сомонӣ тақсим карда мешавад.
Дар Тоҷикистон камчинии билети ҳавопаймо ба самти Русия ба мушоҳида мерасад. Рӯзи 8-уми июн дари баъзе аз дӯконҳои билетфурӯшӣ дар Душанбе ё баста буданд ва ё соҳибонашон ба суоли "оё билет доред?" бо "не" ҷавоб медоданд.
7-уми июн Рӯзи байналмилалии амнияти ғизо аст. Дар Тоҷикистон ин масъала аҳамияти вижа (махсус) дорад, чун мутахассисон мегӯянд, ҳанӯз як бахши ҷомеа ба ғизои хубу кофӣ дастрасӣ надоранд.
Узбекистон тасмим гирифтааст, ки аз шаҳри Самарқанд то ба ноҳияи Айнии вилояти Суғд роҳи оҳан созад.
14-уми апрел муҷтамаи "Панҷшанбе", яке аз куҳантарин бозорҳои Осиёи Марказӣ ва аз рамзҳои шаҳри Хуҷанд, пас аз 21 соли хусусӣ шудан ва ҳам як соли кооперативӣ - нимадавлатӣ буданаш, аз нав ва бо як шеваи махфӣ хусусӣ карда шуд. Фурӯши дубораи бозор бархилофи қонун ва ба таври пинҳон ҷараён ёфт.
Ҳукумати Тоҷикистон миқдори молу маҳсулотеро муайян кард, ки Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ бе пардохти боҷу андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ба кишвар хоҳад овард. Санад рӯзи 28-уми май дастраси Радиои Озодӣ шуд.
Қарори раиси шаҳри Ваҳдат як қитъаи заминро ба мояи баҳс байни гурӯҳе аз нобиноён ва соҳибкори маҳаллӣ табдил додааст. Ин замини баҳсӣ се сол пеш ба соҳибкоре дода шуд. Нобиноён мегӯянд, замин аз корхонаи онҳост ва талош доранд, ки онро бозпас бигиранд.
Роҳбари Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, мониторинги онҳо тасдиқ кард, ки нархи билет ба Русия на зиёда аз 500 доллар аст. Мусофирон низ коҳиши нархи чиптаро тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, пайдо кардани билет барои як моҳи оянда мушкил шудааст.
Ёфтҳои бештар