Даҳҳо мусофири бандмонда дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 26-уми май аз мақомот талаб карданд, ки мушкили онҳоро ҳал кунанд. Мусофирон мегӯянд, аз ширкати "Северний ветер" билет харидаанд, аммо як ҳафта боз наметавонанд, ба Русия бираванд.
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро бар асоси маҳдудияти ҷоришуда ба Фурудгоҳи байналмилалии Бишкек роҳ надоданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин бора огоҳии расмӣ нагирифта буд.
Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 26-уми май розӣ шуданд, ки амволи "Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк" фурӯхта ва қарзи ду бонк дар назди давлат баргардонда шавад, аммо дар бораи амонати мардум чизе нагуфтанд.
Нархи сабзӣ, яке аз маҳсулоти ниёзи аввал дар Тоҷикистон якбора боло рафт ва боиси нигаронии сокинон шуд. Масъулини бозор пеш омадани чунин вазъро ба сард омадани боду ҳаво рабт медиҳанд. Молики яке аз бозорҳои Душанбе гуфт, сабаби болоравии нарх, наовардани сабзӣ аз Қирғизистон аст.
Даҳҳо муштарии "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" нигаронанд, ки тақдири пулҳои онҳо чӣ хоҳад шуд.
Наздики 300 шаҳрванди Тоҷикистон бо сабаби баста шудани марзҳои Қирғизистон дар фурудгоҳи Бишкек банд мондаанд ва ба онҳо иҷозаи вуруд ба хоки Қирғизистон дода нашудааст.
Ҳудуди 40 дарсади андозсупорандаҳо дар Тоҷикистон ба усули онлайнии пардохти молиёт рӯй овардаанд.
Фонди захиравии президенти Тоҷикистон, ки аз ҳисоби буҷаи кишвар ташкил шудааст, ба гуфтаи коршиносони мустақил, аксаран ба сифати пешбарии имиҷи роҳбари давлат истифода мешавад. Намояндагони ҳукумат фондро ба ҳайси имконият барои ҳаллу фасли масъалаҳо таъҷилӣ ном мебаранд.
Азизҷон Азимӣ, донишҷӯйи ду донишгоҳи маъруфи Амрико Стенфорд ва Ҳарвард, дар Тоҷикистон Академияи зеҳни сунъии “Тajrupt.ai”-ро таъсис додааст ва ҳадаф дорад кишварро ба як маркази зеҳни сунъӣ дар минтақаи Осиёи Миёна табдил диҳад.
Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон тарҳи ба ихтиёри як ширкати оффшорӣ гузаштани паёмакҳои бозаргониро бекор кардааст.
Дар Тоҷикистон бозори sms ва ё паёмакҳое, ки ширкатҳо барои огаҳӣ ва ё таблиғоти молу хадамоташон ба муштариёнашон мефиристанд дар қабзаи як ширкат қарор гирифтааст.
Ёфтҳои бештар