Бо гузашти наздик ба ду сол, поезд ё қаторҳои мусофирбар ба хатсайрҳои берунӣ дар Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе беҳаракатанд. Дар долону дохили бинои истгоҳ тақрибан касе ба мушоҳида намерасад. Мисле ки ҳеҷ гоҳ ин макон пуродаму серташвиш набуд.
Хабари афзоиши ҳаққи хизматрасониҳои ширкати IRS мутассаддии нигаҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ, ронандаҳои мошинҳои мусофирбарро нигарон кардааст.
Барои тоҷирони бозори "Султони Кабир" дар Душанбе пешниҳод шудааст, ки барои идомаи фаъолияташон ба бозори "Кӯшониён" бираванд. Бозори "Кушониён" дар қисмати ғарбии шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Бино ба қарори ҳукумати пойтахт, бозори "Султони Кабир"-ро аз моҳи марти соли 2022 мебанданд.
Ба тоҷирони бозори "Султони Кабир" дар Душанбе пешниҳод шудааст, ки барои идомаи фаъолияташон ба бозори "Кушониён" бираванд. Бозори "Кушониён" дар қисмати ғарбии пойтахт ҷойгир аст.
Ҳукумати Тоҷикистон “Мармарӣ”, ширкати азимеро, ки дар ҷануби кишвар ба парвариши чорво ва мурғ машғул аст, 7 сол аз пардохти молиёт (андоз) ва боҷи гумрукӣ озод кардааст.
Мақомоти расмӣ мегӯянд, Русия ҳамчунон як кишвари аслии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон боқӣ мемонад ва 95 дар сади муҳоҷирони кории тоҷик ба он кишвар мераванд.
Коршиносони мустақил ба ин боваранд, ки дар Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо фасоди молӣ ё коррупсия на натиҷаҳои чашмрас, балки бештар пахши баёнияҳо мушоҳида мешаванд.
Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон суръати болоравии нархи маҳсулотро дар кишвар дар ду соли охир тақрибан бетағйир номид, вале ҳамзамон ҳамагуна афзоиши қиматҳоро ба “омилҳои берунӣ” рабт дод. Болоравии нархи маводи ниёзи аввалия рӯзи 8-уми декабр дар порлумон баррасӣ шуд.
Дар Тоҷикистон феҳрасти шахсони қарздор аз "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" тартиб дода шудааст. Ду бонки як замон "низомсоз" моҳи майи имсол барҳам хӯрданд.
Тоҷикистон тавсияи Бонки Ҷаҳониро, ки ҳафт моҳ пеш хоста буд, “Тоҷиктелеком"-ро аз тобеияти Хадамоти алоқа берун биорад, иҷро накардааст. Ҳоло “Тоҷиктелеком” ягона ширкати дастраскунандаи Интернет дар кишвар аст. Чунин вазъ боиси аз байн рафтани рақобат ва монеи рушди бозори мухобирот шудааст.
Бо гузашти 7 моҳ, тавсияҳои Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон, ки гуфта буд, ягона ширкати дастраскунандаи Интернет ба кишвар, “Тоҷиктелеком”-ро аз тобеияти танзимгари соҳа, Хадамоти алоқа берун кунад, иҷро нашудааст.
Дар давоми тақрибан се даҳсолае, ки Нурсултон Назарбоев дар курсии президенти Қазоқистон буд, бисёре аз хешовандонаш ба шахсони сарватманди ин кишвар табдил шудаанд. Бародари хурдии ӯ, Болат, низ истисно нест.
Ёфтҳои бештар