Сарнавишти садҳо тоҷири бозори "Султони Кабир", маркази савдои "Осиё" ва "Мадад" дар шаҳри Душанбе норӯшан мондааст. Бино ба қарори ҳукумати пойтахт, бозори "Султони Кабир" ва ду маркази савдоро аз моҳи марти соли 2022 мебанданд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, гуфт, ки даромади буҷаи соли оянда 33 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса ба буҷаи имсола беш аз 19 дарсад ё панҷ миллиард сомонӣ зиёд аст.
Тақрибан 50 мошини борбаре, ки аз Тоҷикистон ба Русия ангур мебурданд, дар гузаргоҳи гумрукии "Сагарчин"-и Оренбург ва "Троитский"-и Челябинск банд мондаанд.
Як ширкати технологии мустақар дар Ҳонг Конг эълон кард, ки санадеро дар бораи сохтани зербунёди лозим барои коркарди пули диҷиталӣ аз ҷумла Биткойн дар Тоҷикистон имзо кардааст.
Дар ҳоле, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз қатъ шудани барқ шикоят мекунанд ва ширкати "Барқи тоҷик" онро ба "корҳои таъмирӣ" рабт медиҳад, содирот он ба хориҷ бештар мешавад.
Қарори боло бурдани роҳкиро дар шаҳри Душанбе аз рӯзи 10-уми ноябр ба иҷро даромад. Мақомот далели гарон шудани нархи сафар дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахтро ба қимат шудани сӯзишворӣ рабт медиҳанд. Вале мусофирон аз ин тасмим норозигӣ карда мегӯянд, давлат бояд нахуст маошу нафақаро боло мебурд.
Русия дар Тоҷикистон маркази ҷалб ва омодасозии асноди муҳоҷирони корӣ ба кишварашро таъсис медиҳад. Аз ин ба баъд сокинони Тоҷикистон ҳанӯз дар Душанбе бо корфаромоёни рус қарордоди корӣ имзо карда, иҷозаи кор ва иқомат дар Русияро пайдо мекунанд.
Шикоят дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон аз норасоии нерӯи барқ зиёд аст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба ноҳияи Ваҳдат рафтанд, то назари сокинонро дар бораи норасоӣ ва сабабҳои маҳдудият пурсанд.
Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, дар шароити Тоҷикистон ҳеч сабукӣ дар бахши андоз ба соҳибкорон ёрӣ намекунад, “зеро андоз тибқи нақшаи аз пеш муайяншуда ҷамъоварӣ мешавад”.
Дар Тоҷикистон шумораи умумии молиёт ё андоз аз 10 ба 7 намуд коҳиш дода шуд. Мақомот ин тағйиротро яке аз сабукиҳо дар тарҳи нави Кодекси андоз мегӯянд. Солҳо боз низоми андозбандии Тоҷикистонро ба хотири сарбории зиёд доштан барои соҳибкорон танқид мекунанд.
Ширкати “Оби зулол” дар шимоли Тоҷикистон ба тавлиди қанди моеъ баргирифта аз ангурро шуруъ кардааст.
Ёфтҳои бештар