Соате пас аз эълони Сипоҳи посдорон дар бораи сахтар шудани назорат бар тангаи Ҳурмуз, гузоришҳо аз тирпарронӣ ба сӯи ҳадди ақал ду киштии тиҷорӣ расонаӣ шуд.
Дар пайи гарон шудани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ давоми ду ҳафтаи ахир нархи гази моеъ ва бензину солярка Тоҷикистон гарон шудааст.
Ҳазорон мошини борбар, ки бояд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бор интиқол диҳанд, дар бандари байнулмилалии "Алат" дар Озарбойҷон банд мондаанд.
Пайомадҳои иқтисодии ҷанг дар Ховари Миёна дар кишварҳои берун аз ин минтақа, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, ки ба воридот аз бандарҳои ҷанубии Эрон вобастаанд, низ эҳсос мешавад.
“Куҷоро нигоҳ кардед, ҳама ришқа (юнучқа) коридааст. Пагоҳ пахтаро дар куҷо мекоред? 70 дарсад бояд пахта шавад. Тракторро медарорем. Кадом хоҷагие, ки ҳамингуна ришқа коридааст, ҷуфт мекунем. Фарқ надорад, кӣ аст.”
Як дархости мақомоти тоҷик дар бораи худдории сокинон аз истифодаи таксиҳои ғайрирасмии маъруф ба "10 сомонӣ" ва рӯй овардан ба таксиҳои расмии "Jura" баъзе аз ронандаҳоро дар Душанбе бештар эҳтиёткор кардааст.
Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз зиёд шудани ҳолатҳои қаллобӣ бо ваъдаи кор дар хориҷи кишвар хабар додааст.
Пас аз босуръат поину боло шудани нархи тилло дар бозори ҷаҳонӣ дӯконҳои тилофурушӣ дар шаҳри Душанбе каммуштарӣ шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон ба таҳқиқи сабабҳои сар задани сӯхтор дар бозори марказии шаҳри Ҳисор оғоз кардаанд. Яке аз эҳтимолҳои асосӣ расиши сим ё ноқили барқ гуфта мешавад. Дар ин ҳодиса амволи даҳҳо соҳибкор ба коми оташ рафт ва маълум нест, зарари онҳоро кӣ ҷуброн мекунад.
Гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои аз даст рафтани заминҳои кишоварзиашон нигарон ҳастанд. Беш аз даҳ оила иддао доранд, ки солҳо боз тибқи шартнома қитъаҳои назди ҳавлиашонро ободу сарсабз гардонидаанд, аммо мақомоти маҳаллӣ ин заминро ба дигар шаҳрванд вогузор карданд.
Гурӯҳе аз ронандагони мошинҳои боркаш, ки аксари онҳо эронӣ ҳастанд, се ҳафта боз дар Душанбе банд мондаанд.
CNPC ё ширкати миллии нафту гази Чин, дар минтақаи нафтхези Балҷувон дар вилояти Хатлон, ба ҷустуҷӯйи нафт оғоз кардааст.
Ёфтҳои бештар