Бо гузашти тақрибан як моҳ таҷаммӯи ронандагони норозии мошинҳои борбар дар сарҳади Тоҷикистон бо Узбекистон пароканда шудааст, вале на натиҷаи таҳқиқи қазия гуфта шуд ва на чӣ гуна ҳал шудани душворӣ.
Дар ҳоле ки як сабаби камбуди нерӯи барқро дар Тоҷикистон ба сатҳи поини об вобаста медонанд, мудири "Норак" гуфт, захираи обанбори ин нерӯгоҳ аз гузашта бештар аст.
Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дуздона (қочоқӣ) ба кишвар овардани телефонҳои мобилиро то замони ҳатмӣ шудани сабтиноми онҳо тасдиқ кард. Хуршед Каримзода гуфт, мушкили сабт шудани ин телефонҳоро мебоист худи тоҷирон ҳал мекарданд.
Сардӣ ва барфрезии “деринтизор” дар Тоҷикистон кишоварзонро нигарон кардааст. Бахусус, дар минтақаҳое, ки баъзе аз дарахтон гул карда буданд.
Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, барои озодӣ аз пардохти андоз ё молиёт ба ширкату корхонаҳо дигар ба таври бебаркаш ва бемаҳдуд сабукӣ нахоҳанд дод.
Дар шимоли Тоҷикистон мақомот як обанборро, ки дар гузашта аз оби рӯде аз Қирғизистон пур мешуд, бо роҳҳои дигар аз об пур кардан мехоҳанд.
Навад дарсади мошинҳои барқӣ, ё электромобилҳо ба Тоҷикистон аз тарафи шахсони воқеӣ ворид карда шудаанд ва ҳоло ҳеҷ ширкате дар ин бозор пештоз набудааст.
Дар як соли ахир дар Тоҷикистон бештар аз 21 ҳазор соҳибкор аз фаъолият даст кашидаанд ва ё ба кори дигаре машғул шудаанд. Аз ин теъдод наздики 1000 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва бештар аз 20 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ буданд.
Раҳбарони ниҳоди мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон хабари дуздиву аз худ кардани миллионҳо доллар аз вазорати дифоъро тасдиқ карданд.
Вазири молияи Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ҳаҷми андозу пардохтҳо дар кишвар бо сабаби афзоиши маошу нафақа ва кумакҳои иҷтимоӣ боло бурда шудааст.
Сокинон дар Тоҷикистон мегӯянд, нархи молу маҳсулот сол то сол дар бозор босуръат боло меравад, вале мақомот мегӯянд, вазъ мӯътадил аст.
Дар ҳоле ки Тоҷикистон рушди саноатро яке аз ҳадафҳои асосии худ медонад, садҳо корхона аз кор монда ва ё дахлу харҷашон ба сифр баробар шудааст. Раиси ҷумҳур онҳоро 550 баршумурд.
Ёфтҳои бештар