Дар радабандии нави як созмони байнулмилалӣ дар бораи фасоду ришвахорӣ, Тоҷикистон имсол чаҳор зина поинтар рафтааст, ки ба маънии ҳарчӣ бештар реша паҳн шудани ин зуҳуроти хатарзо дар идораҳои давлатӣ аст.
Ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати корҳои “мамнуъ” барои занонро камтар кардааст. Агар то ин вақт 334 намуд кор барои занон манъ буд, пас ҳоло ин шумора то 194 кам шудааст.
Андоз ё молиёти нав барои маҳву коркарди мошинҳо дар Тоҷикистон ронандагонро сахт нигарон кардааст. Тибқи қонуни нав, барои нобуд кардани нақлиёт аз соҳибони онҳо аз 1584 сомонӣ то 2880 сомонӣ талаб мешавад. Мақомот тасмимро муҳим, аммо ронандагону коршиносон меъёри онро "вазнин" донистанд.
Ташвишу шикояти сокинони Тоҷикистон дар мавриди бо маҳдудият гирифтани нерӯи барқ рӯзҳои охир бештар шудааст. Дар ҳоле ки мақомот барои содир кардани он ба баъзе аз кишварҳои ҳамсоя қарордоди нав имзо карданд.
Пас аз эътирози Хадамоти алоқа, се ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон аз боло бурдани нархи хадамот даст кашиданд. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, бозор бо дастур кор намекунад ва барои поён бурдани нархи гуфтугӯ ва интернет бояд ислоҳот гузаронда шавад.
Баръакси интизории деҳқонон зимистони имсола дар Тоҷикистон камбориш омада, хатари нагирифтани ҳосили дилхоҳро бештар кардааст.
Сар аз якуми январи имсол маоши низомиёни тоҷик, кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон боло бурда шуд.
Тоҷикистон аз ширкати Ҳуавейи Чин беш аз ҳазор пойгоҳи бунёдии алоқаи мобилиро ворид ва насб кардааст.
Ноустувории нархи гази моеъ дар Тоҷикистон, ки то ҳафтод дарсади мошинҳои боркашу сабукрав аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мекунанд, гуфтугӯҳоро бобати монополия будани соҳа ба миён овардааст.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз мошинҳои гаронвазн дар роҳҳои кишвар нигаронӣ карда гуфтааст, чунин нақлиётҳо роҳ ва пулҳоро қабл аз муҳлат хароб мекунанд.
Дар ҳоле ки Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз ҷамъоварии барзиёди ҳосил, аз ҷумла меваю сабзавот, дар соли 2023 хабар дод, сокинон аз гаронӣ ва баъзе аз коршиносон аз "ноҳамоҳангии омор" нигарон ҳастанд.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, сокинон ҳангоми харидани телефон ё планшет бояд аз тоҷирон пурсанд, ки боҷи гумрукии таҷҳизот супурда шудааст ё не.
Ёфтҳои бештар