Гази моеъ, як сӯзишвории серистифода дар Тоҷикистон, тайи се ҳафтаи охир якуним сомонӣ арзон шудааст, аммо сокинон шикоят доранд, ки чаро нархи роҳкиро поин наомад.
Дар ҳоле ки бахше аз сокинони Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки танҳо дар сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 5 ҳазор коргар намерасад.
Муҳоҷирони кории тоҷик дар соли 2023 ҷойгоҳи худро ба унвони қишри фоидаовар нигоҳ доштанд, аммо ин саҳми бузурги онҳо ба иқтисоди кишвар нодида гирифта мешавад. Чаро?
Президенти Тоҷикистон гуфт, нархи ҳозираи истифода аз нерӯи барқ дар кишвар “ҳатто ба маоши корманди низоми барқӣ” намерасад ва барои ҳамин боло бурдани нархи барқ ногузир аст.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 21 дарсад поин омадааст. Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр ҳангоми ироаи паём ба порлумон гуфт, давлат талош дорад дар ҳафт соли оянда камбизоатиро ба 10 дарсад расонад.
Тоҷикистон барои интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистони зери итоати гурӯҳи "Толибон" дар соли 2024 розӣ шудааст.
Ба гузориши Барномаи озуқаи Созмони Милал, нархи баъзе аз анвои маҳсулот дар остонаи Соли нави мелодӣ дар бозорҳои Тоҷикистон боло рафтааст. Аз ҷумла, арзиши биринҷу тухми мурғ, пиёзу картошка, сабзӣ ва карам.
Тоҷикистон бозори панҷуми муштарак бо Афғонистонро бозкушоӣ кард. Ин бозор бо номи "Шоҳон" дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва вулусволӣ (ноҳия)-и Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон дар аввали моҳи декабр фаъолияташро аз сар гирифт.
Пешгуфтор: Дар шимоли Тоҷикистон аз кор мондани калонтарин корхонаи маъдан садҳо сокини шаҳраки Адрасмонро бо рӯзгори сахт дучор кардааст. Даҳ сол боз фаъол набудани корхона даҳҳо миллион сомонӣ зарар овардааст. Аммо мақомот чӣ корҳоеро барои аз вартаи нобудӣ баровардани он ба иҷро мерасонанд?
Як ширкате, ки мақомот ба "соҳибкори ватанӣ", вале мухолифони ҳукумат ба хеши президенти Тоҷикистон вобаста медонанд, соҳиби ҳазорҳо гектар чарогоҳ шудааст.
Ба сохтани як роҳ дар шимоли Тоҷикистон гурӯҳе аз коргаронро аз Чин ва кишвари африқоии Ғано (Гана) овардаанд. Ин роҳ аз Конибодом то Спитамен аст ва аз ҳудуди ду ноҳияи ҳаммарз бо Қирғизистон низ мегузарад. Пулро Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон додаанд, аммо масъули сохтмон як ширкати чинист.
Дар Тоҷикистон ба зудӣ қонуне ба иҷро медарояд, ки иҷоза намедиҳад, масалан дар бемористон, идораи барқ ё ҳар муассисаи дигари давлатӣ пули нақд пардозед.
Ёфтҳои бештар