Артиши ИМА таъйид кард, ки дар посух ба ҳамлаи паҳподии Эрон ба як киштии тиҷории Сингапур дар тангаи Ҳурмуз, нуқтаҳоеро дар хоки Эрон ҳадаф қарор додааст.
29 сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин зери санаде имзо гузошта, ба ҷанги панҷсола дар кишвар поён доданд. Ба ин далел ҳамасола 27-уми июнро дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мекунанд, аммо оё тарафҳо аз ҳамдигар розиянд?
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, бар асоси қонуни нави афв ҳукми зиндони хабарнигорон Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Аҳмади Иброҳим, Хуршед Фозилов ва Рухшона Ҳакимова сесолӣ кам шудааст.
Хоҳари Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро баъди шикоят аз вазъи бародараш дар зиндон, ба майдаавбошӣ гунаҳкор ва 546 сомонӣ ($ 60) ҷарима кардаанд.
Пайвандони паноҳҷӯи 54-солаи тоҷик Асадулло Бобоев гуфтанд, ки сарфи назар аз нигарониҳо аз эҳтимоли шиканҷа ва зиндонӣ шудан, мақомоти Олмон ӯ ва писарашро ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд.
Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё ё ситоди марказии артиши Ҷумҳури исломии Эрон эълом кард, ки бо далели идомаи ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон, тангаи Ҳурмузро дубора мебандад. Бар асоси созиши ахири миёни Амрико ва Эрон, гулӯгоҳ ё тангаи Ҳурмуз бояд боз мешуд.
Бо вуҷуди танқидҳои сахти ҳомиёни ҳуқуқи башар, қарор аст, Иттиҳоди Аврупо мизбони ҳайате аз "Толибон" дар Белгия бошад. Онҳо раванди бозгардондани шаҳрвандони Афғонистонро баҳс хоҳанд кард.
Пайвандони Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз вазъу шароити ӯ дар зиндон изҳори нигаронӣ карданд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки дар Фаронса қарор дорад, гуфт, матни аслии созишнома бо Эрон ниҳоӣ шудааст ва охири ҳафта дар Женева имзо хоҳад шуд.
Ёфтҳои бештар