Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 1-уми август 75-сола шуд. Ин сиёсатмадор севумин зодрӯзи худро дар боздошт ва пушти милаҳои зиндон сипарӣ мекунад.
Дар Словакия дархости паноҳандагии як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба амнияти миллии он кишвар "хатарнок" тавсиф мешавад, рад кардаанд.
Вакилони мардумӣ аз ду ҳизби аслии Амрико рӯзи 28-уми июл ба тарҳи санаде раъй доданд, ки ҳадафи он маҳрум кардани Русия аз сарчашмаҳои молии хароҷот барои ҷанг дар Украина аст.
Норӯшанӣ дар бораи ояндаи тангӣ ё гулӯгоҳи Ҳурмуз ва амнияти минтақаӣ боис гаштааст, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ба оромӣ пешбиниҳои стратегии чанд даҳаи гузаштаро дар бораи тиҷорату пайвастан ба роҳҳои байнулмилалӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ бознигарӣ кунанд.
Асадулло Бобоев, узви як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки аз Олмон ронда ва ба қавли наздиконаш дар шаҳри Душанбе дастгир шудааст, ҳоло дар кадом боздоштгоҳ асту чӣ ҳол дорад? Хабарнигорон посухи ин суолро аз вазири корҳои дохилӣ пурсиданд.
Вазири адлияи Тоҷикистон ба шикояти наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит ва Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони пешини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, посух дод.
Нерӯҳои амрикоӣ рӯзи душанбе ҳамлаҳои ҳавоиро ба Эрон идома доданд ва Ҷумҳурии Исломӣ дар посух ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад. Даргирии ду ҷониб баъд аз як танаффуси кӯтоҳ нуҳ рӯз боз идома дорад.
Нодида гирифтани нақши рӯ ба афзоиши Чин дар Қирғизистон, торафт душвортар мешавад.
Стефан Дюжаррик, сухангӯи Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), эълом кард, ки Гуттереш аз ҳамлаҳо ба зерсохтҳои ғайринизомӣ дар Эрон ва саросари минтақа нигарон аст.
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз интихоботҳо баргузор мекунанду номи аҳзоби сиёсиро дар варақаҳои раъйдиҳӣ менависанд. Раҳбарони ин кишварҳо низ даъвои интихоботҳои демократӣ доранд, аммо дар асл рақобати воқеии сиёсӣ бисёр кам ба назар мерасад.
Ёфтҳои бештар