Дар Тоҷикистон озмуни нави сартосарие бо номи “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷараён дорад. Он моҳи майи имсол оғоз ёфтааст. Асарҳо зиёда аз сад номгӯянд.
Мансабдорони аршади ҳукуматӣ дар Тоҷикистон ҳамеша аз як курсӣ ба курсии дигар гузаронида мешаванд. Аммо чандин мансабдоре аст, ки бештар аз даҳ сол ҷойи худро ҳифз кардаанд. Чаро бархе вазирон ва сардорони ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон метавонанд солҳои дароз дар як вазифа бимонанд?
Дар як дебат ё баҳси телевизионии 27-уми июн ду довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ, номзадҳои кӯҳансолтарин дар таърихи Амрико – президенти демократ Ҷо Байден ва рақиби ҷумҳурихоҳи ӯ Доналд Трамп рӯ ба рӯи ҳам қарор гирифтанд.
Нақзи қоидаҳои муҳоҷират айбномаи расмии ҳашт тоҷикистониест, ки бо гумони доштани пайвандҳо бо гуруҳи ваҳшатафкани "Давлати Исломӣ" дар Амрико боздошт шудаанд.
Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини аввали раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, боздошт шудааст. Аъзои хонаводааш барои шарҳи ин хабар дастрас нестанд. Мақомоти интизомӣ расман дар ин бора чизе намегӯянд.
Аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюн (ИНОТ) 27 сол гузашт. Мухолифон мегӯянд, ҳукумат Созишномаро вайрон кард. Назари мақомот баръакси ин аст ва онҳо поёни ҷанг ва рушди кишварро самараи Созишномаи сулҳ медонанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ба созиш расидаанд, ки ҳамкориро дар бахши амнияту мубориза бо терроризм бештар мекунанд. Баъзе аз сиёсатмадорони тоҷик мегӯянд, ин созмони байнулмилалӣ набояд таваҷҷуҳро ба кори ҳизбҳои сиёсӣ, интихобот ва озодии матбуоту эътиқод кам кунад.
Ҷорҷ Крол, сафири пешини Амрико дар Тошканд, дар ёддоште барои Маркази Дэвис (Маркази пажӯҳиши Русия ва АвруОсиё)-и Донишгоҳи Ҳарвард дар бораи шиносоӣ ва муносибаташ бо президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов ва духтари калонии ӯ, Гулнора Каримова, нақл кардааст.
Дар чанд ҳамлаи ҷудогонаи афроди мусаллаҳ ба ду калисои насронӣ, канисои яҳудӣ ва пойгоҳҳои полис дар шаҳрҳои Дарбанд ва Махачқалъаи ҷумҳурии Доғистони Русия, 19 нафар , аз ҷумла 15 афсари полис ва 4 сокини оддӣ кушта шудааст.
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, рӯзи 24-уми июн гуфт, як бахши амалиёт алайҳи гурӯҳи ҲАМОС, ки онро ИМА ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи террористӣ номидаанд, дар Рафаҳ дар ҳоли анҷом ёфтан аст.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳафт сол қабл– соли 2016 дар назди худ ҳадаф гузошт, ки то соли 2030 барои мардум зиндагии шоистаеро фароҳам мекунад.
Дар солҳои ҳукуматдории Владимир Путин дар Русия ҳадди ақал 13 муҳофизи собиқи ӯ соҳиби курсиҳои баланди давлатӣ шудаанд. Дар оғози даври панҷуми президентии Путин ҳафт нафари онҳо вазифаҳои масъули ҳукумати федералиро ба уҳда доранд.
Ёфтҳои бештар