Дэвид Кэмерон, вазири корҳои хориҷии Бритониё, сафарашро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 22-юми апрел аз Тоҷикистон оғоз кард. Таҳлилгари амрикоӣ Брюс Паннир мегӯяд, ҳарчанд тарҳи сафарро пештар рехтаанд, он баъд аз ҳамла ба "Крокус" барои Тоҷикистон пураҳамият аст.