Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) рӯзи 8-уми май бо нашри як муроҷиатнома аз ихтилофҳои дарунҳизбӣ ва эҳтимоли баргузор шудани Анҷумани ғайринавбатӣ ё "ғайриоинномавӣ" хабар дод.
Владимир Путини 71-сола рӯзи 7-уми май дар маросиме дар Кремл бори панҷум ба ҳайси президенти Русия савганд ёд кард.
Рӯзи дуюми музокироти отшабас дар Ғазза миёни кишварҳои миёнарав ва ҲАМОС ҳанӯз натиҷае надодааст.
Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, рӯзи 3-юми май 70-сола шуд. Ӯ нуздаҳ сол боз зодрӯзи худро дар зиндон мегузаронад.
Се созмони байнулмилалӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки боздошти Сӯҳроб Зафар, раҳбари нопадидшудаи "Гурӯҳи 24"-ро тасдиқ карда, айни замон ӯро фавран раҳо кунанд.
Сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Итолиё (Италия) 22-юми апрел сар шуда, 26-уми апрел бо имзои қарордоҳои байндавлатӣ ва сармоягузорӣ поён ёфт.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар суҳбат бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки тафтишу санҷиши муҳоҷирони тоҷик “чораи муваққатӣ” аст.
Мақомоти ҷумҳурии Чех ба хулосае омадаанд, ки анбори аслиҳа дар деҳаи Врбетитсеро кормандони Идораи марказии иктишофи низомии Русия (ГРУ) таркондаанд.
Дар Тоҷикистон коршиносону таҳлилгарон ба бархӯрди ахири Русия нисбати тоҷикон, ки боиси вокуниши Душанбе шуд, назарҳои гуногун доранд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ибрози "нигаронии ҷиддӣ" аз "муносибати махсусан дағалонаи мақомоти Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон" ба сафири ин кишвар дар Душанбе нота (ёддошти эътирозӣ) супоридааст. Семён Григоревро рӯзи 29-уми апрел эҳзор карданд.
Умедҷон Раҳмон, бародарзодаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, додситони шаҳри Ҳисор таъйин шудааст. Аз миёнаҳои соли 2022 то ин дам дар ин мақом Баҳодур Ҳамид кор мекард.
“Гурӯҳи 24” хабар дод, ки мақомоти Италия ҳашт узви боздоштшудаи ин созмони мухолифро шоми рӯзи 24-уми апрел раҳо кардааст.
Ёфтҳои бештар