Бар асари заминларзаи 7,8-дараҷаӣ дар Туркия ва Сурия беш аз 4000 кас ҷон бохтаанд. Ҳодиса бомдоди 6-уми феврал рӯй дод.
Нахуствазири собиқи Исроил, ки дар рӯзҳои аввали ҷанги Русия дар Украина барои муддати кутоҳе байни ду кишвар миёнҷигарӣ кард, гуфтааст, ки раиси ҷумҳур Владимир Путин ба ӯ ваъда дод, ки Владимир Зеленский ҳамтои украиниашро намекушад.
Дар шаҳри Бухоро мурофиаи ширкатдорони намоишҳои эътирозии Қароқалпоқистон ба анҷом расид.
Низомиёни Украина рӯзи 3-юми феврал гуфтанд, бо вуҷуди талафоти зиёд, артиши Русия фишорашро дар чанд минтақаи Донетск идома медиҳад ва ҳамзамон ба ҳуҷумҳои нав дар шарқ омода мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии Чин аз тасмими ин кишвар барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Арабистони Саудӣ ва ташкили минтақаи озоди тиҷоратии "Чин-Халиҷ (Форс)" хабар дод.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 30-юми январ гуфт, Вашингтон ба Украина ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 намедиҳад.
Рӯзномаи амрикоии The Wall Street Journal бо такя ба манбаъҳои огоҳ дар Иёлоти Муттаҳида гузориш дод, ки ҳамлаи рӯзи шанбе ба як корхонаи ҳарбӣ дар Исфаҳони Эрон "кори Исроил буд".
Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Русия ибрози нигаронӣ мекунанд, ки ширкати хусусии низомӣ маъруф ба номи "Вагнер" ба таври густурда маҳбусонро дар ҷанги Украина истифода мебарад. Қасри Сафед тасдиқ кардааст, ки дар байни 40 ҳазор маҳбуси сафарбаршуда ба сафи "Вагнер" шумораи қурбониҳо хеле бузург аст.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, Иёлоти Муттаҳида ба Украина 31 тонки "Абрамс" мефиристад. Пештар аз ин Олмон эълон кард, ки ба Киев 14 "Леопард 2" медиҳад.
Ёфтҳои бештар