Барои бисёре аз сокинони Амрико ҷашнҳои давлатӣ ва мазҳабӣ бо ороиши зиёди хонаву ҳавлиашон ҳамроҳ аст. Ороишро аксаран дар ҷашнҳое мекунанд, ки хоси кишварҳои ғарбист, ба мисли Ҳалловин ва ё Иди Милоди Масеҳ.
Ҳоло ин расм ба ҷамъе аз хонаводаҳои мусулмон дар Амрико ҳам роҳ ёфтааст, ки Рамазонро бо ороиши хоси ҳавливу хонаҳояшон истиқбол мегиранд ва таҷлил мекунанд. Ҳамин расм ҳамеша Ойиша Субҳон, модари ду фарзанд ва муҳоҷири афғонистониро ба ваҷд овардааст.
“Ману бачаҳоям, воқеан, аз чароғу ороиши кӯчаҳо ҳайратзада мешудем ва барои ҳамин тамоми зимистон шабона дар кӯчаҳо қадам мезадем,” – мегӯяд ӯ.
Ойиша аз кӯчаҳои чароғону зебо илҳом гирифта, ба тарҳрезии ороиш барои ҳаммазҳабони мусулмони худ пардохт. Соли гузашта дар ҷойи иқоматаш шаҳри Сакраментои Калифорния мағозаи “Эра Тренд”-ро боз кард. Васоили ороишие, ки барои ҳавлиҳо мефурӯшад, рамзҳои ҷашну оинҳои исломист.
Ойиша Субҳон, муҳоҷир ва тарроҳи афғонистонӣ, гуфт, "сабаби шурӯи ин касбу кор бачаҳоям шуданд. Ман шодии онҳоро аз дидани ин васоили ороишӣ ва чароғҳо эҳсос мекунам. Бовар дорам, ки дигар волидон низ айни эҳсосро доранд, вале мутаассифона онгуна ки мехоҳанд, ҷашнашонро таҷлил карда наметавонанд."
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Хонаводаи Аке Пангестути-Венг, муҳоҷири индонезӣ ва сокини Сан-Франсиско, имсол хонаашро бо рамзҳои моҳи Рамазон ороиш додааст. Баъзеаш кори дасти Ойиша Субҳон аст.
"Мо хостем, дар моҳи Рамазон беруни хонаро ороиш диҳем. Ҳамаҷо садои намоз шунида мешавад. Ва ин ҳама ба фарзандони мо дар хона эҳсоси хуб медиҳад," – афзуд ӯ.
Духтараш Гвен Венг низ ҳаминро мегӯяд: "Пазируфтану ғӯтавар шудан дар ҷашн эҳсоси олист. Мо хонаамонро бо шиорҳои Рамазон ва Ид оростем. Фикр мекунам, бисёр саргармкунанда аст."
Одӣ Сумандӣ, руҳонии индонезӣ, мегӯяд, ҳеч дастури исломие мухолифи ороиши ҷашнӣ нест ва ин кор ҷанбаи мусбат дорад.
Ӯ гуфт: “Ин метавонад, баёнгари дини фард бошад. Бахусус ба бачаҳо нишон медиҳад, ки Рамазон расидааст. Кӯдакон дунёи бозӣ ва хушҳолиро таҷриба мекунанд. Аз ин рӯ ороишҳо бештар мусбатанд, на манфӣ. Бачаҳо мебинанд, ки ислом фақат “азобу андӯҳ” ва фақат чизҳои ҷиддӣ нест. Мебинанд, ки ислом чизҳои шодиангез ҳам дорад.”
Ба мисли дигар ҷомеаҳои муҳоҷирон, мусулмонони индонезӣ дар Амрико ба ҳам наздиканд ва ҳангоми Рамазон якҷо ибодату ифтор мекунанд. Акнун мисли дигар ҳамсоягонашон аз адёни дигар, метавонанд ҳавливу хонаҳои худро мутобиқ ба расму ойинашон ороставу пероста кунанд.
Гуфтугӯ