Ҷо Байден, президенти Амрико дар суҳбати телефонӣ аз Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил хостааст, ки дар ҳамла ба Ғазза муваққатан таваққуф эълон кунанд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, Ғазза дар ҳоли табдил шудан ба "қабристони кӯдакон" аст. Ин суханони ӯ хашми Исроилро барангехт.
Раисони 11 ниҳоди зертобеи Созмони Милали Муттаҳид ва 6 созмони башардӯстона бо нашри баёнияи муштарак, хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза, муҳофизат аз ҷони ғайринизомиён ва иҷозаи интиқоли ҳарчи зудтари об, дору ва маводи сӯхт ба Ғазза шуданд.
Дар Қирғизистон баъди нашри як наворе дар шабкаҳои иҷтимоӣ мавзӯъи чандҳамсарӣ дигарбора доғ шуд.
"Баъд аз ин ҳама воқеаҳо, чӣ хеле мебинед, ҳанӯз ҳастем. Тасаввур намекардем, ки зинда аз онҷо берун меоем."
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, ки дар ҷанг байни Исроил ва "Ҳамос" бояд "таваққуфи башардӯстона" сурат бигирад, то кӯмакҳои инсонӣ ба ниёзмандон бирасад ва гаравгонҳову зиндониён раҳо шаванд.
Бо наздик шудани муҳлате, ки ҳукумати Покистон ба паноҳҷӯёни беҳуҷҷати афғон барои тарки ин кишвар додааст, даҳҳо ҳазор нафар рӯзи сешанбе ба тарафи марзи Афғонистон рафтанд.
Ҷомеаҳои мусулмон ва яҳудии Иёлоти Муттаҳида аз он дар изтиробанд, ки дар пайи ҷанги Ғазза хусумат ва хушунат нисбаташон афзоиш меёбад.
Мақомоти Доғистони Русия хабар доданд, ки дар бетартибии шоми 29-уми октябр дар фурудгоҳи Махачқалъа 20 нафар маҷрӯҳ шудааст.
Баъди амалиёти низомии Озарбойҷон дар Қарабоғи куҳӣ, даҳҳо ҳазор сокини арманитабор аз он ҷо куч бастанд.
Дар пайи афзоиши эътирозҳо аз марги ғайринизомиён дар Фаластин, Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико рӯзи 29-уми октябр гуфт, Исроил уҳдадор аст, ҷони мардуми бегуноҳ дар навори Ғаззаро ҳифз кунад.
Гурӯҳе аз хатмкардаҳои туркмани Донишгоҳҳои Русия ҳангоми бозгашт ба ватан аз фурӯдгоҳ рост ба хидмати ҳарбӣ бурда шудаанд. Ба гуфтани наздикони ин ҷавонон, ба онҳо ҳатто имкони дидор бо фарзандонашонро надоданд.
Ёфтҳои бештар