Дастаи мунтахаби футболи Узбекистон, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими миллии Эрон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, бори нахуст дар мусобиқоти байналмилалии “Ҷоми миллатҳои Ассостиатсияи фуболи Осиёи Марказӣ” (CAFA Nations Cup) ғолиб гардид.
Артиши Исроил хабар дод, ки баландошёнаҳои шаҳри Ғаззаро мушакборон ва онҳоро пурра нобуд кардааст.
Як мақоми ҳукумати Амрико гуфтааст, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико зоҳиран ба ҳомиёни калидии Украина бо лаҳни сахте гуфтааст, ки ба Русия ва муттаҳиди аслии он Чин фишори молии бештарро ворид кунанд, то Маскав ба хатми ҷанг дар Украина маҷбур шавад.
Раисҷумҳури Амрико мегӯяд, ки аз Владимир Путин, ҳамтои руси худ, "бисёр ноумед" шудааст.
Созмони Гузоришгарони бидуни марз эълон кард, ки беш аз 250 расона ва созмонҳои хабарӣ дар 70 кишвари ҷаҳон рӯзи 1-уми сентябр дар як корзори ҳамоҳанг ва созмондеҳишуда саҳифаҳои аввали худро дар эътироз ба куштори хабарнигорон дар Ғазза, сиёҳ карданд.
Амрико эълон кард, ки ба Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин, иҷозаи сафар ба Ню-Йорк барои ҳузур дар нишасти Маҷмаи Умумии СММ дар моҳи ояндаро нахоҳад дод.
Дар солҳои охир зуҳуроте бо номи “талоқи хокистарӣ” ё ҷудоӣ дар замони калонсолӣ ба яке аз нигарониҳои ҷомеаи Эрон табдил шудааст. Дар Тоҷикистон ҳам ин тамоюл мушоҳида мешавад, аммо таҳқиқу омори дақиқе дар ин бора дар даст нест.
Дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба вилоятҳои Хуст ва Нангарҳор, таниши дипломатӣ миёни Кобул ва Исломобод боло гирифтааст.
Дар ҳамлаи густардаи Русия ба пойтахти Украина, ки даҳҳо нафарро кушту захмӣ кард, дафтари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ низ зарар дидааст. Ҳодиса субҳи 28-уми август рӯй дод. Кормандони Радиои Озодӣ дар Киев осеб надидаанд, вале чанд тиреза шикаставу баъзе таҷҳизот хароб шудааст.
Толибон дар Афғонистон ёдгории Алишер Навоӣ, шоири барҷастаи асри 15-ро, ки дар шаҳри Ҳирот ба забонҳои форсӣ ва узбекӣ шеър мегуфт, дар шаҳри Мазори Шариф вайрон карданд. Аммо танҳо баъди ду рӯз ваъда доданд, ки онро дубора бозсозӣ мекунанд.
Раисҷумҳури Амрико гуфт, агарчӣ Украина бе айб нест, мумкин аст, алайҳи Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ кунанд. Доналд Трамп бо ин суханонаш эҳтимоли дидори Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Владимир Зеленский, президенти Украинаро коҳиш дод.
Дабири кулли Созмони Милал ҳамлаи маргбори Исроилро ба як шифохона дар шаҳри Хон Юнус дар Навори Ғазза сахт маҳкум кардааст. Дар натиҷаи ду зарбаи ҳавоии нерӯҳои Исроил ба шифохона дар шаҳри Хон Юнус дар ҷануби Ғазза чандин ғайринизомӣ, аз ҷумла кормандони тиббӣ ва хабарнигорон кушта шуданд.
Ёфтҳои бештар