Исроил бомбаборони Рафаҳ дар ҷануби Ғаззаро сахттар кардааст. Дар ҳоле, ки вазорати тандурустии Ғазза охирин омори кушташудагони фаластинӣ дар ин ҷангро 29 ҳазори 291 нафар эълон кардааст, беш аз даҳ узви як хонавода низ дар яке аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар Рафаҳ кушта шуданд.
Раиси ҷумҳури Русия гузоришро дар бораи нияти Маскав барои ҷобаҷо кардани аслиҳаи ҳастаӣ дар фазо рад намуд. Владимир Путин ин мавзуъро рӯзи 20-уми феврал дар вокуниш ба изҳороти як мақоми амрикоӣ матраҳ кард.
Юлия Навалная, ҳамсари Алексей Навалний, гуфт, муборизаро барои як Русияи озод идома медиҳад ва аз пайравони мухолифони ҳукумат хост, ба зидди Владимир Путин бо хашми беш аз ҳар вақти дигар мубориза баранд.
Ба гузориши "Рейтерз", Амрико пешнависи қатъномаеро дар бораи оташбаси муваққат дар Ғазза ва мухолифат бо ҳамлаи заминии Исроил ба Рафаҳ ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод кардааст.
Юлия Навалная, ҳамсари Алексей Навалний, президенти Русия Владимир Путинро дар марги шавҳараш гунаҳкор кард ва гуфт, ки фаъолиятҳои ӯро идома хоҳад дод.
OVD-Info, гурӯҳи ҳуқуқи башар, мегӯяд, беш аз 400 нафар дар Русия ҳангоми адои эҳтиром ба Алексей Навалний, мухолиф ва мунтақиди сарсахти Владимир Путин, боздошт шудаанд. Навалний рӯзи 16-уми феврал дар зиндоне дар Русия даргузашт. 47-сола буд.
Кира Ярниш, сухангӯи Алексей Навалний, яке аз мухолифони сарсахти ҳукумати Русия ва раиси ҷумҳур Владимир Путин хабари марги ӯро тасдиқ кард.
Мақомоти шаҳри Ҳартфорди Ғарбӣ дар Коннектикути Амрико ба як тоҷики муқими ин шаҳр барои кумакаш ба муҳоҷирон ва ақаллиятҳои қавмӣ сипосгузорӣ кардааст.
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (Committee to Protect Journalists, CPJ) дар гузориши нави худ аз марги 99 рӯзноманигор ва кормандони расонаҳо дар ҷаҳон дар соли гузашта хабар додааст. Ин болотарин талафот аз соли 2015 будааст.
Cенати Амрико рӯзи 13-уми феврал бастаи 95 миллиардолларии кӯмакиро тасвиб кард, ки бояд ба Украина, Исроил ва Тайван дода шавад. Аммо ин санад, зоҳиран ба осонӣ дар Маҷлиси Намояндагони Амрико ё роҳ намеёбад ва ё тасвиб намешавад
Хабаргузории Reuters бо такя ба се манбаи огоҳаш хабар дод, ки ИМА шартҳои Русияро барои боздоштани ҷанг дар Украина рад кардааст.
Гурӯҳҳои сиёсӣ дар Покистон рӯзи сешанбе эълом карданд, ки ҳукумати эътилофӣ ташкил мекунанд ва Шаҳбоз Шариф номзади онҳо ба мақоми нахуствазири он кишвар хоҳад буд.
Ёфтҳои бештар