Дар интихоботи порлумонии Эрон, ки рӯзи якуми марти имсол бо ҳузури ками овоздиҳандагон гузашт, аксаран муҳофизакорон пирӯз шудаанд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар остонаи як маъракаи муҳими пеш аз интихоботи президентӣ қарор дорад: "Суперсешанбе".
Маросими видоъ бо сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалний рӯзи якуми март дар ибодатгоҳи назди қабристони "Борисовское" дар Маскав ба нақша гирифта шудааст. Бахши русии Радиои Озодӣ навишт, ки даромадгоҳи қабристон "аз маъмурони полис пур аст".
Беш аз сад нафар дар Ғазза дар ҳоли гирифтани маводи хӯрокворӣ кушта шуданд. Вазорати тандурустии Ғазза, ки дар ихтиёри гурӯҳи "Ҳамос" аст, омори ҷонбохтагонро 112 нафар ва маҷрӯҳонро беш аз 760 нафар эълон кардааст.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар паёми солонаи худ ба мардуми кишвараш дар рӯзи 29-уми феврал ҷанги Украина ва бархӯрдаш ба давлатҳои Ғарбро шарҳ дод.
Як рӯз пас аз он ки раисҷумҳури Фаронса идеяи фиристодани нерӯҳои заминии ғарбиро ба Украина барои муқобила бо ҳуҷуми Русия матраҳ кард, Кохи Сафед гуфт, ки Амрико барои ҷанг дар Украина сарбоз нахоҳад фиристод. Дигар аъзои аслии НАТО ҳам ба ин пешниҳод мухолифат карданд.
Арабистони Саудӣ ҳушдор дод, шахсонеро, ки бе иҷозатнома дар маросими Ҳаҷ-2024 иштирок мекунанд, "ҷаримаҳои сангин ва ҳабс" интизор аст.
Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус мегӯяд, дар интихоботи президентии соли оянда бори дигар номзад хоҳад шуд.
Бархе раҳбарони Аврупо ва ғарб ба Киев рафтанд, то дар маросимҳои бахшида ба дуввумин солгарди ҳамлаи васеъмиқёси Русия ба хоки Украина паёми қотее фиристанд. Дар як ҳамоиши Душанбе ҳам ҷанги идомаёбандаро маҳкум карданд. Бархе сокинони Душанбе музокираро танҳо роҳи хатми ҷанг номиданд.
Ҷо Байден, президенти Амрико бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русияро барои марги Алексей Навалний, мухолифи Владимир Путин эълон кард.
Арманистон ширкаташ дар тамринҳои низомӣ ва дигар чорабиниҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), созмони зери назари Русияро муваққатан боздошт.
Мақомоти Русия Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро ба феҳрасти "созмонҳои номатлуб" шомил карданд. Яъне ҳар кас, ки бо ин созмон кор мекунад, мумкин аст, дар Русия ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Ёфтҳои бештар