Хабарнигорони бахши украинии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нусхаи санадеро аз моҳи августи 2026 ба даст овардаанд, ки дар он теъдод ва навъи силоҳҳои мавриди ниёзи Русия барои ҳамла ба зербунёдҳои ҳаётии Украина, аз ҷумла истгоҳҳои барқу об ва гармӣ навишта шудааст.
“Аз ночорӣ як гурдаамро фурӯхтам. Зери бори қарз монда будам. Дигар илоҷ надоштам. Ҳоло гурдаи дигарам мушкил пайдо кардааст.”
Барнома ё нармафзори ширкати Oxygen Forensics, ки метавонад бо шикастани рамз иттилооти дохили телефонҳои ҳамроҳ, комютер ва васоили дигари электрониро берун кашад, дар маркази як парвандаи ҷиноӣ дар Иёлоти Муттаҳида қарор гирифтааст.
"Магар телевизиони хонаатон ҳушманд нест? Мо ҳам мисли ҳамон!" Ин посухи Ғуломризо Ҷалолӣ, яке аз фармондеҳони баландпояи низомӣ дар Эрон, ба пурсише дар бораи хатарҳои амниятии истифода аз соати ҳушманди ӯ дар шароити кунунии Ҷумҳурии Исломӣ аст. Мавзӯи соати дасти ӯ ҳафтае пеш расонаӣ шуд.
Нишасти кишварҳои узв ва меҳмонони "Формати Маскав" дар умури Афғонистон, ки Тоҷикистон ҳам дар он иштирок дошт, рӯзи 5-уми октябр бе имзои изҳороти муштарак поён ёфт.
Пайомадҳои ҷанги Амрико ва Эрон саросари минтақаи Ховари Миёнаро таҳти таъсир қарор дода, дар ин миён ба гуфтаи Фуод Ҳусайн, вазири корҳои хориҷии Ироқ, кишвараш бо фишорҳои иқтисодӣ ва амниятии афзоянда рӯ ба рӯ шудааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 30-юми сентябр эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида вазифаҳояшро дар Ироқ такмил намуд ва ин кишварро бо хотири ҷамъ ба сарвазири нав месупорад.
Олешки, шаҳре дар 9-километрии вилояти Херсони Украина, ки зери ишғоли нерӯҳои Русия мебошад, дар остонаи як фоҷиаи инсонӣ қарор гирифтааст.
Ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон мегӯяд, рӯзи якуми октябр бар асари ҳамлаи ҳавоии Покистон се хона вайрон шуда, камаш 9 нафар ҷон бохт. Аммо ба қавли мақомоти Покистон, ҳадаф аз ҳамла паноҳгоҳҳои даҳшатафканон буда, дар натиҷаи он “22 террорист кушта шудааст”.
Дафтари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ва хабаргузории давлатии Имороти Муттаҳидаи Араб, дидори раҳбарони ду кишвар дар Абу Забиро тасдиқ карданд.
Ёфтҳои бештар