Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар вилояти Хатлон панҷ шаҳрванди Чин ва ду шаҳрванди Афғонистонро барои гузаштан аз сарҳад ва кӯшиши заршӯйӣ дар хоки Тоҷикистон ҷазо додаанд. Онҳо моҳи майи соли 2025 дастгир шуда буданд. Додситони ноҳия гуфт, таҳқиқ ва муҳокимаи парвандаашон чанде пеш ба поён расид.
Ҳокимони минтақаҳои сарҳадии вилояти Суғд мегӯянд, табодули манзилу заминҳо бо Қирғизистон тақрибан ба анҷом расидааст.
"Дар бемористон ҳуҷҷат доданд, ки касали рӯҳӣ аст, аммо аз артиш ҷавоб намедиҳанд." Пайвандони Эмомҷон Шаханов аз ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бо баёни ин ҷумла ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки ӯ бемор аст ва бояд аз хидмат озод карда шавад.
Раиси шаҳри Истиқлол гуфт, бунёди корхонаи азими саноатӣ бо сармоягузории чиниҳо дар ин гӯшаи вилояти Суғд ҳанӯз идома дорад. Сухан аз корхонаест, ки қарор буд соли гузашта ба кор сар мекард.
Дар панҷ соли охир содироти як навъи мева аз ҳудуди ноҳияи Масчоҳи вилояти Суғд ба Афғонистон тақрибан номумкин шудааст. Мақомот гуфтанд, бо бозгашти Толибон ба қудрат, ин бозори муҳими худро аз даст доданд.
Мақомоти интизомии Кӯлоб ба зидди як сокини шаҳр, ки дар баҳсе барои замин, ниҳодҳои давлатиро ба беадолатӣ муттаҳам мекард, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Тоҷирон ва сокинони вилояти Суғд мегӯянд, баръакси умедвориашон воридоти ангишти қирғизӣ назар ба солҳои пеш ба маротиб коҳиш ёфтааст.
Бо гузашти як моҳ аз марги ногаҳонии се узви як хонавода дар шаҳри Исфара сабабу омилҳои ин фоҷеа ҳануз маълум нашудаанд. Мақомот мегӯянд, таҳқиқот идома дорад. Пайвандонаш бо пеш овардани ҳадсу гумонҳои дигар изҳори нигаронӣ доранд.
Муфаттишон дар шаҳри Кӯлоб марги Райҳона Хайригуловаи 19-сола ва хоҳари даҳсолаи шавҳарашро таҳқиқ доранд. Ҷасади ҳардуи онҳо шаби 21 декабр аз ҳаммоми хонаашон дар маҳаллаи Нуробод ёфт шудааст.
Як мард аз деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминобод бо гумони қатли ҳамсари собиқаш, Ҷавҳарбии Давлатшоҳи 27-сола дастгир шудааст.
Ёфтҳои бештар