"Толибон" ба садҳо паноҳҷӯе, ки мехостанд аз Афғонистон ба Ишкошими Тоҷикистон гузаранд, таҳдид кардаанд, ки ба макони худ баргарданд. Дар сурати барнагаштан ба онҳо бархӯрди шадид сурат мегирад. Инҳо гурезаҳое ҳастанд, ки ба гуфтаи худашон марзбонони тоҷик барояшон иҷозаи вурудро надоданд.