Як гурӯҳ аз сокинони деҳаҳои Рӯдакӣ ва Дӯстии Вахш шикоят карданд, ки ду ҳафта боз аз оби ошомиданӣ маҳруманд. Чун, ба иддаои онҳо, Муҳибуллои Тошрободӣ, яке аз хешовандони президенти Тоҷикистон, лӯлаи оби бозмонда аз Шӯравиро канда, "ба тарафи хоҷагии чорводорияш дар ҷамоати Машъал бурданист".