Чанд захмии таркишро дар як нуқтаи фурӯши сӯзишвории Қубодиён аз бемористони Душанбе ба хонаашон ҷавоб додаанд. Модари яке аз онҳо гуфт, пизишкон хостаанд, муолиҷаро дар хона идома бидиҳанд, ҳарчанд мушкил аст. Табибон гуфтанд, ин кор муваққатист ва бо хоҳиши оилаҳо шуд.
Мақомоти Тоҷикистон пас аз амалиёти ба гуфтаашон “зиддитеррористӣ” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз марҳилаи нави рушди иқтисодии вилоят гап мезананд. Коршиносони мустақил амалкарди мақомотро кӯшише барои тасаллӣ додани мардум меноманд.
Масъулони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ ҷасади як сокини ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ-ро, ки 6-уми июл ба бозпурсӣ даъват шуда буд, ба наздиконаш додаанд.
Ҳукми тӯлонии ду бародар дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд хонаводаи онҳоро ба мушкил гирифтор кардааст. Волидони Бекмурод ва Шӯҳрат Сатимовҳо мегӯянд, умед доштанд, писарон дар пирӣ дасташонро мегиранд, аммо баръакс нигоҳубини шаш набера низ бар дӯши онҳо бор шуд.
Элобат Оғалиқоваи 60-сола аз ноҳияи Спитамен шикоят дорад, ки ӯро барои шеваи либоспӯшӣ ба ҷашни рӯзи ваҳдат дар ноҳия роҳ надода, бар илова, дар идораи милиса ба сару аъзои дигари баданаш задаанд.
Дар Хуҷанд рӯзи 25-уми июн "амалиёти якмоҳа"-и зидди талбандаҳо ба поён расид. Мақомот мегӯянд, аз афзоиши талбандаҳои ба истилоҳ "сохта" нигаронанд. Шахсоне, ки ба иддаои онҳо "хонаву дару мошин ва ҷисми солим доранду худро дармонда ва бемору маъюб нишон медиҳанд".
Намояндагони ҳукумат дар вилояти Суғд танҳо баъди як сол ва пас аз муроҷиатҳои батакрор ба як сокини минтақаи наздимарзӣ бо Қирғизистон пойи сунъӣ додаанд.
Дар шимоли Тоҷикистон таъмиру бозсозии роҳе оғоз ёфт, ки онро яке аз роҳҳои вайрон ва ҳам маргбор дар ин самти кишвар мешуморанд. Ин роҳи 100 километрӣ ноҳияи Аштро бо шаҳри Хуҷанд мепайвандад ва аз замони сохта шуданаш дар даврони шӯравӣ боре ҳам дуруст таъмир нашудааст.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов, раҳбарони ғайрирасмии Хоруғ, "ба мақомот таслим нашуда", дар ҷараёни амалиёти махсус "безарар гардонда шуданд".
Муродҷон Ҷӯрабойзода, сокини маҳаллаи Ҳалимбобои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба ҳавлияш сангу хок овардааст, аммо ду сол боз девор бардошта наметавонад. Мегӯяд, марзбонҳои Қирғизистон монеъ мешаванд, чун минтақаи баҳсӣ мешуморанд.
Дуди ғализи хумдонҳои оҳакпазӣ дар ҷамоати Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон, ки солҳо боз зиндагии мардуми ин маҳалро “талх” кардааст, айни замон зиндагии гуруҳи дигареро таъмин мекунад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар тақрибан як моҳи охир дар онҷо даҳҳо нафар кушта, захмӣ ва боздошт шудаанд, аз камбуди шадиди вакили мудофеъ ё адвокат шикоят доранд. Ҷустуҷӯйи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ба тақрибан 250 ҳазор аҳолии вилоят 4 вакили дифоъ хидмат мерасонанд.
Ёфтҳои бештар