Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхтор дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтарро эълон кард. Бозор шаби 1-уми июн оташ гирифт ва дар натиҷа 12 нафар осеб дида, соҳибкорони зиёде пулу дӯкону маҳсулоти худро аз даст доданд.
Пас аз чандин шикоят дар бораи инки нозирони роҳ асосан ронандагони мошинҳои "назарногир"-еро ба монанди "Опел"-у "Мерседес"-и фарсуда тафтиш мекунанд, вале айни замон ба мошинҳои гаронарзиш коре надоранд, хабарнигори Радиои Озодӣ рафтори онҳоро дар Кӯлоб санҷид.
Панҷ созмони байнулмилалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ба саркӯби хушунатомез ва таъқиби эътирозгарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон поён дода, имдодгарони Салиби Сурх ва ҳомиёни ҳуқуқи башарро ба ноҳияи Рӯшон роҳ бидиҳад.
Раиси додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳамроҳ бо як додрас ва як вакили дифоъ бо гумони порагирӣ боздошт шудаанд. Тақрибан як моҳи охир дар бораи Ҳомидҷон Муҳаммадзода хабарҳои зиддиҳам мерасид.
Наздикони Сайфиддин Давронов, ки дар пайи баҳси падараш бо муовини пешини раиси Балҷувон, беш аз чил рӯз боз дар зиндон аст, мегӯянд, муфаттиши парванда дидори онҳоро бо боздоштшуда манъ кардааст.
Аз "амалиёт" дар ноҳияи Рӯшон, ки даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт, ду рӯз гузашт. Намояндагони мақомот тавассути телевизиони "Бадахшон" аз оромӣ дар ноҳия ва бозгашти мардум ба зиндагии одӣ хабар доданд. Ба сабаби набудани интернет ва тамос бо телефон, тасвири вазъи воқеӣ номумкин аст.
Чанд сокини ноҳияи Рӯшони ВМКБ, ки ба далели амниятӣ номашонро зикр намекунем, гуфтанд, рӯзи 19-уми май ҷасади 21 кушташударо гирифтаанд. Дар ибтидо сухан аз 17 ҷасад мерафт.
Нозияи 32-сола, сокини вилояти Хатлон пас аз талоқ бо ҳамсараш бо се фарзанди ноболиғ дар хонаи иҷора дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекунад.
Даҳҳо нафар рӯзи 14-уми майи имсол дар маҳаллаи Хоруғи Боло ҷамъ шуда, дар баробари истеъфои ду мансабдори маҳаллӣ, таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳои моҳи ноябр ва озодии боздоштшудаҳоро низ тақозо карданд.
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон қарори Қаноатшо Лоиқзода, раиси пешини ноҳияи Раштро дар бораи ба шахсони наздикаш додани беш аз ҳазор гектар чарогоҳ бекор кардааст. Лоиқзода ду сол пеш аз мансаб барканор шуд.
Падару модаре дар Исфара духтар ва набераҳояшонро меҷӯянд. Зумрад Абдураҳимова соли 2015 бо шавҳар ва се фарзандаш ба Сурия рафтааст. Мақомот мегӯянд, дар бораи сарнавишти ӯ чизе намедонанд.
Ёфтҳои бештар