Дар Хуҷанд таҳқиқи сӯхтори охири ҳафтаи гузашта дар наздикии бозори Панҷшанбе сар шудааст. Субҳи 9-уми декабр дар бинои ҶДММ-и Шарқ, ки якчанд фурушгоҳу коргоҳҳои дӯзандагӣ ва меҳмонхонаро дар бар мегирад, сӯхтор сар зад ва зиёни калон овард. Ҳоло нисфе аз тоҷирону коргарони он бекор мондаанд.
Расидан ба мактаб ва бозгашт ба хона барои наврасони як маҳалла дар шаҳри Кӯлоб қариб баробар ба қаҳрамонӣ аст. Онҳо ҳар рӯз як роҳи пурхатарро, ки мошинҳои борбар тариқи он ба Бадахшон мераванд, убур мекунанд, то хатту савод омӯзанд.
Сардиҳои рӯзи нуҳуми декабр ва барфи шадид ҳаракати нақлиётро дар шаҳрҳои вилояти Суғд душвор ва хатарнок кард. Роҳу хиёбонҳои барфпуш боиси рух додани чанд садама ва маҷрӯҳ шудани сокинон гардид. Камбуди нақлиёт кори идораву муассисаҳоро мушкил кард.
Сокинони як деҳаи дурдаст дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, барои тамос бо наздикони роҳдурашон ба теппаву кӯҳҳо мебароянд. Д
Тибқи фармони президенти Тоҷикистон маъракаи тирамоҳии даъват ба хидмати ҳарбӣ 30-юми ноябр ба анҷом расид. Аммо мақомот хабар надодаанд, ки нақшаи даъват то имрӯз пурра иҷро шуд ё не.
Дар ноҳияи Панҷ ахиран ду ҷавоне бо ҳам издивоҷ кардаанд, ки дорои имконият маҳдуд ва соҳиби ҳунаранд. Зиндагии онҳо баъди як гузориши Радиои Озодӣ ба ҳам пайваст.
Бар асари заҳролудшавӣ ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҷон бохта, шаш нафари дигар зери назорати пизишкон ҳастанд. Мақомот гуфтанд, онҳо узви як оилаанд.
Як марду зани нобино дар шаҳри Кӯлоб аз мақомот талаб доранд, ки писарашонро аз хидмати ҳарбӣ баргардонанд, чун ягона парастори онҳост.
Камбуди нерӯи барқ дастрасии сокинони як маҳалларо дар ноҳияи Муъминобод ба об мушкил ва зиндагияшонро сахт кардааст. Онҳо аз мақомот мепурсанд, ки масъала кай ҳал хоҳад шуд. “Барқи Тоҷик” маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум тасдиқ карда, аммо муҳлати анҷомашро нагуфтааст.
Бориши барфу борон дар баъзе аз минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон мушкили куҳнаро дубора бармало карду даҳҳо ронанда ва мусофирро саргардон. Сангреза роҳи Душанберо ба Хоруғ муваққатан баст. Роҳ аз пойтахт ба Хуҷанд низ ба рӯи мошинҳои борбар пӯшида шуд.
Дар ҳоле, ки бисёр масҷидҳо дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои мусалмонӣ асосан бо хайру садақаи мардум кор мекунанд, як рӯҳонии тоҷик дар Қазоқистон усули навро пеш гирифтааст.
Пайкараи "Дуои модар" дар Кӯлоб баҳсбарангез шудааст. Дар долонҳои ҳукумати шаҳр гуфтугӯҳое садо медиҳанд, ки он ба зудӣ бозсозӣ хоҳад шуд, чун "ба раисиҷумҳури Тоҷикистон писанд наомадааст". Намояндагони ҳукумат қазияро шарҳ намедиҳанд.
Ёфтҳои бештар