Хонаводаи як муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия ва дар шароити баҳсбарангезе ба ҳалокат расидааст, як ҳафта боз тобути ӯро интизоранд. Сайфиддин Махдумови 36-сола, ки дар гузашта дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таксӣ меронду дар мактаб дарс медод, ҳафт моҳ пеш дар ҷустуҷӯи кору маоши муносиб ба Русия рафт.