Дар марзи Тоҷикистону Узбекистон бозори қонунии наздисарҳадӣ бунёд мешавад. Ин аввалин чунин бозор баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар марзи ду кишвари ҳамсоя хоҳад буд.
Деҳаи Хоҷаи Аъло, дар 150-километрии маркази вилояти Суғд, то муноқишаи мусаллаҳонаи соли 2021 бо Қирғизистон яке аз минтақаҳои асосии фурӯши сӯзишворӣ бо нархи арзон буд. Дар ин деҳаи кӯчаки Исфара чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ амал мекард. Ҳоло танҳо тоблуҳояш мондааст.
Як собиқадори ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон бо хонаводааш дар шароити сахте зиндагӣ мекунад ва мегӯяд, агар мадади шахсони хайрхоҳ намешуд, аз сардӣ нобуд мешуданд. Вагоне, ки се утоқи хурд дорад, 28 сол боз дар деҳаи Тебалай макони зисти Қувват Зоиров ва ҳамсару фарзандонаш аст.
Дар соли 2010 ду нимпайкараи Саидалӣ Вализода, шоири маъруфи тоҷикро сохта буданд. Яке барои Кӯлоб, дигаре барои зодгоҳаш – Ховалинг.
Дар деҳаи марзии Хоҷаи Аъло (Исфара) ба зудӣ нахустин кӯдакистонро мекушоянд. Сохтмонаш дар чорчӯби тарҳи CASA-1000 анҷом мешавад. Ин деҳа аз чанд тараф бо маҳаллаҳои Қирғизистон часпида, саҳнаи даргириҳо низ шудааст. То ҳоло дар инҷо чунин муассиса барои кӯдакон набуд.
Сокинони маҳаллае дар ҷамоати Ворухи Тоҷикистон, дар наздикии марз бо Қирғизистон, чанд сол боз аз фароҳам набудани иртиботи телефониву интернетӣ азият мекашанд. Онҳо мегӯянд, ин вазъ ҳангоми муноқишаҳои марзӣ ба онҳо душвориҳои зиёдро пеш меорад.
Алихон Худоёрзода, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ, ки масъули сохтмон ва тақсими замин буд, дастгир шудааст. Мақомот хабарро тасдиқ карда, аммо ҷузъиёт надоданд. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Худоёрзода ҳафтаи гузашта боздошт шуд.
Намояндагони чанд идораи давлатӣ дар шимоли Тоҷикистон аз эҳтимоли боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон хабар доданд. Асосан ин нуктаро раҳбарони мақомоти интизомӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон охири ҳафтаи гузашта баён доштанд. Сарҳади ду кишвар тақрибан ду сол боз бастааст.
Пас аз як гузориши Радиои Озодӣ дар бораи бесарпаноҳон зиндагии як муаллими собиқ, ки беш аз 20 сол боз бе хонаву дар буд, тағйир ёфт. Дӯстону ҳамсинфонаш ӯро дар навор шинохта, ба хонаи пиронсолон бурдаанд. Миродил Халилов кист ва чаро ба ин ҳол уфтод?
Раҳбари Кумитаи кор бо занон аз пахши навори “истинтоқ”-и келин аз сӯи хушдоман дар Интернет, ки боиси сарусадои зиёд шуд, норозигӣ кард. Ӯ иддао дорад, ки пахши чунин наворҳо роҳи ҳалли масъала нест, вале фаъолони ҷамъиятӣ баръакси инро мегӯянд.
Волидонаш мегӯянд, аз марги овозхон Дамирбек Олимов як сол гузашт, аммо таҳаммули набуданаш барои хонадон ҳар рӯз бештар мегардад.
Шаш аспе, ки аз Қирғизистон ба ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон гузаштаанд, ба соҳибонашон бозгардонида шуданд. Мақомоти интизомии ноҳия гуфтанд, воқеа на ҳуҷҷатгузорӣ шуд, на расонаӣ.
Ёфтҳои бештар