Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанҷол барои духтар буд ё саркашӣ аз хидмат? Назари мақомот ба ҳодисаи Истаравшан.ВИДЕО


Адҳам Маъмурзода, раиси Истаравшан
Адҳам Маъмурзода, раиси Истаравшан

Мақомоти шаҳри Истаравшан баъди ду моҳи ҷанҷоли сокинони деҳаи Лакат бо маъмурони милиса ҳодисаро ба таври расмӣ шарҳ доданд.

Адҳам Маъмурзода, шаҳрдори Истаравшан дар нишасти хабариаш ба рӯзноманигори Радиои Озодӣ гуфт, ки масъала ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи артиш рабт дорад ва ҷанҷоли сокинон ҳам дар он ҳолат рух додааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, гурӯҳе аз сокинони деҳаи Лакат, маъмурини милисаро зада, “монеи фаъолияти хидматии онҳо шудаанд”. Вале сокинон иддао карданд, ки сабаб дигар буд ва қазия ба талоши дастдарозӣ ба як духтари ноболиғ рабт дорад.

Раиси Истаравшан иддао дорад, ки ҷанҷоли Лакат бо даъват ба артиш рабт дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Адҳам Маъмурзода, шаҳрдори Истаравшан рӯзи 3-юми август дар нишасти хабариаш гуфт ҳодиса дар пайи саркашии ҷавоне аз хидмати ҳарбӣ сар зад. “Нафаре, ки даъватнома гирифту дар вақти муайяншуда ба Комиссариати Ҳарбӣ ҳозир нашуд ва намояндаҳои ҳифзи ҳуқуқ тавассути шахсони алоҳида корбарӣ карданд. Суроғаро муайян карданд ва дар мавриди гирифтани даъватшаванда нофаҳмӣ дар байни сокинону кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба миён омад. Сабаби асосиву аслиаш ҳамин аст”- Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан.

Акс аз навори корбарон
Акс аз навори корбарон

Ба гуфтаи шаҳрдори Истаравшан, парвандаи сокинони боздоштшудаи деҳаи Лакат ҳоло дар баррасии ниҳоӣ аст ва бояд мурофиаи додгоҳӣ ҳам шурӯъ шавад.

Ҷанҷоли сокинони Истаравшан бо маъмурони милиса охири моҳи майи имсол рӯй дода буд. Рӯзи 2-юми июл Раёсати Вазорати Корҳои Дохилӣ бо нашри гузориши расмӣ гуфта буд, ки гурӯҳе аз сокинони деҳаи Лакатро бо сабаби латукӯб ва “монеъ шудан ба кори милисаҳо” боздошт кардаанд. Он замон мақомот дар гузориш дақиқ нагуфтанд, ки баҳсу ҷанҷоли сокинон бо маъмурони милиса бар чӣ сар зад ва пас аз чанд соат наворро аз шабакаҳои иҷтимоӣ пок карданд.

Барои таҳқиқи мавзӯъ хабарнигори Радиои Озодӣ ба ҷойи ҳодиса рафт ва бо бархе аз шоҳидони он суҳбат кард. Як хонавода дар ин деҳа иддао кард, ки чанд маъмури милиса духтари ноболиғи онҳоро маҷбурӣ ба мошин бор карда, "пешниҳодҳои гуногун додаанд" ва сабаби моҷаро ҳам ҳамин будааст.

Мақомот он вақт амаки духтар ва чанд сокини деҳаро бо худ бурданд. Пас аз нашри ин гузориш дар расонаҳо пайвандони духтари ноболиғ дар шаҳри Истаравшан гуфтанд, ки мақомот ба ҷойи расидан ба доди онҳо, баръакс фишор овардаанд, ки чаро бо рӯзноманигорон суҳбат намудаанд.

Дар ҳоле ки нақлҳо гуногунанд ва ҳарду тараф ба ҳақ будану ҷабрдида будани худ пойфишорӣ доранд, Вазорат як моҳ пеш эълон кард, ки нисбат ба 9 нафар бар асоси авбошӣ ва истифодаи зӯр нисбат ба намояндаи ҳокимият парвандаи ҷиноӣ ва алайҳи 18 кас ба иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Вале шаҳрдорӣ мегӯяд, ҳоло бархе боздоштшудаҳо раҳо шудаанд.

“Аз рӯйи маълумоте, ки ман дорам имрӯз се нафар дар ҳабс қарор доранд ва ду нафар бо назардошти набаромадан аз ҷойи зист ҳастанд. Рӯзҳои наздик ҳалномаи Суди шаҳр қабул мешавад ва Шумо аз натиҷааш огоҳ мегардед” - афзуд, Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан.

Дар байни боздоштшудаҳо мудири як мактаби миёнаи шаҳр ҳам буд. Мақомот ӯро ба ёрӣ додан ба ҳамдеҳагон муттаҳам кардаанд. Ҳоло хонаводаи Раҳматовҳо ба иттиҳоми дастдарозӣ ба духтари ноболиғашон алайҳи се корманди милисаи шаҳри Истаравшан ба мақомот муроҷиат кардаанд.

Пахши ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Бархеҳо гуфтанд, агар сокинони Истаравшанро барои ҳамла ба кормандони пулис боздошт кардаанд, бояд аъмоли милисаҳо ҳам таҳқиқ ва муҳокима шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG