Сокинони маҳаллае дар ҷамоати Ворухи Тоҷикистон, дар наздикии марз бо Қирғизистон, чанд сол боз аз фароҳам набудани иртиботи телефониву интернетӣ азият мекашанд. Онҳо мегӯянд, ин вазъ ҳангоми муноқишаҳои марзӣ ба онҳо душвориҳои зиёдро пеш меорад.
Алихон Худоёрзода, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ, ки масъули сохтмон ва тақсими замин буд, дастгир шудааст. Мақомот хабарро тасдиқ карда, аммо ҷузъиёт надоданд. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Худоёрзода ҳафтаи гузашта боздошт шуд.
Намояндагони чанд идораи давлатӣ дар шимоли Тоҷикистон аз эҳтимоли боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон хабар доданд. Асосан ин нуктаро раҳбарони мақомоти интизомӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон охири ҳафтаи гузашта баён доштанд. Сарҳади ду кишвар тақрибан ду сол боз бастааст.
Пас аз як гузориши Радиои Озодӣ дар бораи бесарпаноҳон зиндагии як муаллими собиқ, ки беш аз 20 сол боз бе хонаву дар буд, тағйир ёфт. Дӯстону ҳамсинфонаш ӯро дар навор шинохта, ба хонаи пиронсолон бурдаанд. Миродил Халилов кист ва чаро ба ин ҳол уфтод?
Раҳбари Кумитаи кор бо занон аз пахши навори “истинтоқ”-и келин аз сӯи хушдоман дар Интернет, ки боиси сарусадои зиёд шуд, норозигӣ кард. Ӯ иддао дорад, ки пахши чунин наворҳо роҳи ҳалли масъала нест, вале фаъолони ҷамъиятӣ баръакси инро мегӯянд.
Волидонаш мегӯянд, аз марги овозхон Дамирбек Олимов як сол гузашт, аммо таҳаммули набуданаш барои хонадон ҳар рӯз бештар мегардад.
Шаш аспе, ки аз Қирғизистон ба ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон гузаштаанд, ба соҳибонашон бозгардонида шуданд. Мақомоти интизомии ноҳия гуфтанд, воқеа на ҳуҷҷатгузорӣ шуд, на расонаӣ.
Додситони минтақаи Кӯлоб марги пурсарусадои Абдуқаҳҳор Розиқовро баъди боздошт шуданаш аз тарафи маъмурони милиса шарҳ дод.
Арӯсе, ки навори истинтоқ шудани ӯ аз тарафи хушдоман дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёд ба по кард, аз хонаи шавҳараш рафтааст.
Оламбӣ Наимова дар синфи севум ва дар як мактаби миёнаи ноҳияи Муъминобод мехонад. Ба сабаби маъюбӣ ва сармову ях бастани роҳҳо наметавонад, ба дарс равад. Дӯстонаш, Маликаву Омина, ӯро танҳо намемонанд ва дарсро бо ӯ такрор мекунанд.
Даҳҳо сокини Исфара мегӯянд, дар муноқишаи соле пеш дар сарҳад бо Қирғизистон хонаву дари худро аз даст доданд, аммо ба ҷуз ваъда кумаке нагирифтанд.
Наздик ба сад сокини Кӯлоб бо талаби таҳқиқи одилонаи марги Абдуқаҳҳор Розиқов рӯзи 30-юми январ дар назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ шуданд.
Ёфтҳои бештар