Ҷасади Абдуқаҳҳор Розиқови 37-соларо, ки шаби 2-юми январ боздошт шуда, дар шароити мармуз ҷон дод, дар оромгоҳи "Тамошотеппа"-и шаҳри Кӯлоб дафн карданд. Наздиконаш даъво доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа фавтидааст, вале ВКД сабаби марги ӯро "истеъмоли зиёди як навъ маводи мухаддир" донист.