Дар шаҳри Кӯлоб бисёр сокиноне, ки аз субҳи барвақт аз паи кору ташвиши худ мешаванд, бо мушкили набуди истгоҳҳои маданӣ барои нақлиёти мусофирбар рӯбарӯ мешаванд.
Маҳтоббӣ Маҳмудоваи 50-сола дар наздикии Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб даст ба худкушӣ задааст.
Мақомот дар Кӯлоб оташ гирифтани мошини раиси Ҳизби халқӣ-демократиро дар шаҳри Кӯлоб "таркиш" номида, ҳодисаро чун "қасди куштор" таҳқиқ доранд. Дар пайванд ба ҳодиса як нафар дастгир ва чаҳор каси дигар бозпурсӣ шудааст.
Субҳони Аҳмадҷон, сокини 23-солаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, баъд аз тақрибан ду моҳи хидмат дар артиш бо билети ҳарбӣ ба хона баргашт, аммо хушҳол нест.
Дар Тоҷикистон, ки таъмини мардум бо ҷойи зисти муносиб яке аз масъалаҳои ҷиддӣ мемонад, бесарпаноҳонро метавон дар ҳар гӯшаву канори кишвар дид.
Бозори "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъ, яке аз калонтарин бозорҳо дар минтақаи Кӯлоб пас аз танаффуси якмоҳа боз аз мардум пур шуд.
"Кӣ гуфт, ки дар хонаҳои баландошёна бухории бобоӣ гузошта намешавад? Мо маҷбур чунин корро кардем..."
Дар шаҳри Кӯлоб баъзе роҳҳое, ки ҳамагӣ ду-се сол пеш мумфарш шуда буданд, дубора хароб мешаванд. Аз ҷумла роҳи марказии шаҳр дар хиёбони Исмоили Сомонӣ. Ҳар рӯз садҳо мошин аз бару болои ин роҳи нимавайрона равуо мекунанд. Чунин аҳволро метавон дар дигар гӯшаҳои шаҳр низ дид.
Ба сохтани як роҳ дар шимоли Тоҷикистон гурӯҳе аз коргаронро аз Чин ва кишвари африқоии Ғано (Гана) овардаанд. Ин роҳ аз Конибодом то Спитамен аст ва аз ҳудуди ду ноҳияи ҳаммарз бо Қирғизистон низ мегузарад. Пулро Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон додаанд, аммо масъули сохтмон як ширкати чинист.
Ҳар сол садҳо ҳазор кас аз Тоҷикистон ба Русия мераванд, то барои ҳалли душвориҳои зиндагии худ пул ба даст биоранд. Муҳоҷират рӯзгори бархеро беҳтар кардааст, аммо ҳолатҳое низ ҳаст, ки корҷӯёни тоҷик аз Русия ранҷуру маъюб бармегарданд.
Сокинони шаҳраки Адрасмони Гулистон дар вилояти Суғд бо хайрияҳои дастҷамъона ба бозсозии роҳе сар карданд, ки дар 33 соли истиқлолият боре ҳам таъмир нашудааст.
Марги Раҷабгул Ғоибоваи 19-сола дар деҳаи Ғелоти ноҳияи Восеъ баҳсбарангез шудааст, чун рӯзи 8-уми декабр додситонӣ иҷозаи дафни ӯро надод. Сабаб он будааст, ки хонавода бе огаҳ кардани мақомот аз зоҳиран худкушии духтар, хостаанд, ӯро бигӯронанд.
Ёфтҳои бештар