Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, номи беш аз дувоздаҳ ҳазор маҳалу ноҳияи кишвар ба меъёру қоидаҳои забони тоҷикӣ мутобиқ нест.
Ҷанҷоли ду ҳамсоя дар Кӯлоб, ки соле пеш аз мушту лагад то ба кордзанӣ анҷом ёфта буд, дар долонҳои додгоҳу додситонӣ ҳанӯз давом дорад. Ҳамсояе, ки худро ҷабрдида медонад, даъво дорад, ки кордзанро мақомот ҷазои кам додаанд
Додситонии вилояти Бадахшон аз Додгоҳи олии иқтисодӣ талаб кардааст, ки замини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ба давлат бозгардонда шавад. Ин замин охири солҳои 90-ум аз сӯи Созмони Оқохон харидорӣ шуда, ҳоло мақомот даъво доранд, ки харидуфурӯш пурра қонунӣ набуд.
Шояд бовар накунед, вале дар шаҳри Кӯлоб фақат як истгоҳи автобус боқӣ мондааст. Шаҳре, ки 200 ҳазор аҳолӣ дорад ва аз шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Додгоҳи ноҳияи Фархор қаҳрамони ба истилоҳ манфии як видеоеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси доманадореро барангехт, ҷарима бастааст. Бегаҳмад Назаровро барои задан ва осеб расондан ба ҳамсояаш Моҳихубон Тилавова ҷазои маъмурӣ доданд, вале ҷабрдида мегӯяд, розӣ нест.
Як хонавода дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан баръакс иддао дорад, ки чанд маъмури милиса духтари ноболиғи онҳоро маҷбурӣ ба мошин бор карда, "пешниҳодҳои гуногун додаанд", вале мақомот ба ҷойи муҳокимаи онҳо амаки духтар ва чанд сокини деҳаро бо худ бурданд.
Мақомоти Тоҷикистон Литсейи Оқохонро дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон давлатӣ кардаанд. Омӯзгорони ин муассиса гуфтанд, аз ин ба баъд дар ҷойи литсей мактаби хонандагони боистеъдод таъсис ёфта, зери назари Вазорати маориф амал хоҳад кард.
Фаршҳои шикаставу рехта, дару тирезаҳои боз ва ҳоли ногувор. Ин тасвири клуби фарҳангии деҳаи Сари Осиё дар Кӯлоб аст.
Сокинони як ноҳияи наздимарзии Тоҷикистон шикоят доранд, ки ба сабаби беобӣ замини кишташон хушкид ва меваи дарахтон нопухта пажмурда гардид. Ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳамсарҳад аст.
Пайвандони Абдурозиқ Қаҳҳоров, зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва сокини пешинаи деҳаи Борбордуки Қирғизистон, кӯшиш доранд, ки бегуноҳии ӯро исбот кунанд.
Подполковник Дилмурод Шодизодаро, ки қаблан як зан ба таҷовуз ва тамаъҷӯйӣ муттаҳам карда буд, аз мансаби сардори Раёсати тафтишоти Шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд рондаанд.
Як кишоварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иддао дорад, ки додгоҳ беасос ӯро бо гуноҳи буридани чандин дарахти худрӯ ҷаримаи калон баст. Ҳоло хонаводаи Қурбонбой Бобоҷонов ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят бурда ва хоҳони ҳукми одилона шудаанд.
Ёфтҳои бештар