Дар пайи боло рафтани арзиши сӯзишворӣ тақрибан як ҳафта боз ҳаракати мусофирбарҳо (автобусҳо) дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он бас шудааст. Мақомоти Хуҷанд намегӯянд, ки вазъ то кай идома хоҳад кард. Баъзе аз сокинон шикоят доранд, ки ин ҳолат ба кору таҳсилашон таъсир расондааст.