Дар чанд ҷумла
Доналд Трамп генерали баландпояи Амрикоро аз мақомаш гирифт

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 21-уми феврал генерал Чарлз Браун, сардори Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳ ва панҷ адмиралу генерали дигарро аз мақомҳояшон сабукдӯш кард.
Дар бораи аз мақомаш гирифтани Чарлз Браун, ки ӯро Ҷо Байден, раиси ҷумҳури собиқ соли 2023 таъйин кард, Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии худаш Truth Social хабар дод. Генерали сиёҳпӯсти амрикоӣ, ки дуввумин генерали африқоитабор дар ин мақом буд, бояд то соли 2027 дар мақомаш мемонд.
Вазорати дифои Амрико дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки Доналд Трамп, генерал Дан Разин Кейнро ба мақоми сардори Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико пешбарӣ хоҳад кард. Дан Кейн, ки халабони собиқи ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 аст, дар Хадамоти Ҷосусии Амрико низ кор кардааст.
Барканории генералу адмиралҳои амрикоӣ бахше аз барномаи вазири дифои нав Пит Ҳегсет аст, ки гуфтааст, артиши Амрикоро аз барномаи махсуси ҷалби аққалиятҳо ва гурӯҳҳое, ки дар гузашта зери табъиз будаанд, пок мекунад.
Занони футболбози тоҷик ба Саудӣ рафтанд

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ 21-уми феврал ба Арабистони Саудӣ рафт.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар доираи ин ҷамъомад тими миллии занонаи кишвар дар шаҳри Ҷидда бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Ин бозиҳо дар рӯзҳои FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) – 23-юм ва 26-уми феврал дар варзишгоҳи «Кинг Абдуллоҳ Спортс Сити» баргузор шуда, соати 19:30 бо вақти маҳаллӣ (соати 21:30 бо вақти Душанбе) оғоз меёбанд.
Бояд зикр намуд, дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 23-юми июн то 5-уми июли имсол баргузор мешавад, иштирок мекунад. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар даври интихобӣ рӯзи 27-уми март дар қуръакашӣ маълум хоҳанд шуд.
Марги 95 ҳазор низомии Русия дар ҷанги Украина тасдиқ шудааст

Баъди ҳамла ба Украина, 95 ҳазор низомии Русия дар ҷанг кушта шудаанд. Номи онҳоро бахши русии "Би-би-си", "Медиазона" ва гуруҳи ихтиёриён бо истифода аз маълумотҳои боз аниқ кардаанд.
Ба ҳисоби онҳо, 16 ҳазору 171 нафар аз кушташудаҳо маҳбусон буданд. Теъдоди зиндониёни кушташуда дар ҷанг метавонад аз ин бештар бошад, чун хабарнигорон танҳо он маҳбусони кушташударо ба ҳисоб гирифтанд, ки ҳукмашон аз манобеи боз дастрас шудааст.
Дар пажӯҳиш гуфта мешавад, "маҳкумшудагон то сеяки талафоти артиши Русияро дар се соли ҷанг ташкил медиҳанд."
Ба ҳисоби хабарнигорон, зиёда аз нисфи қурбониён аз тарафи Русия то замони ҳамла ба Украина ба артиш ягон робита надоштанд. Онҳо баъди ҳамла ба Украина бо Вазорати дифои Русия шартнома бастанд. Рӯзноманигорон аниқ кардаанд, ки баъд аз октябри соли 2023, талафот дар миёни ихтиёриён зиёд шудааст.
Андрей Белоусов, вазири дифои Русия моҳи декабри соли гузашта тасдиқ карда буд, ки аз оғози соли 2024, зиёда аз 400 ҳазор нафар бо ин ниҳод шартнома бастанд.
Охирин рақами расмии Вазорати дифои Русия, ки моҳи сентябри соли 2022 интишор карда буд, гуфта мешавад, ки шумори кушташудагон 5937 нафар будааст.
Русия дар моҳи феврали соли 2022 ҳамлаи беасосро ба Украина оғоз кард. Даргирӣ то ҳол идома дорад.
Баҳси бӯсидани духтари футболбоз бо ҷазо тамом шуд

Додгоҳе дар Испания ҳукми Луис Рубиалес, собиқ президенти Федератсияи футболи ин кишварро эълон кард, ки барои бӯсидани як духтари футболбоз ба озори ҷинсӣ муттаҳам шуда буд. Додгоҳ роҳбари пешини идораи футболи Испанияро 10 ҳазор евро ҷарима кард.
Ба гузориши The Guardian, Луис Рубиалес ҳаққи тамос ва ҳамчунин наздик шудан ба футболбоз Ҷенни Эрмосоро надорад.
Пештар додситонӣ барои Луис Рубиалес аз 2 то 2,5 соли зиндон талаб карда буд.
Қазияи мазкур ду сол пеш ва баъди ғалабаи тими мунтахаби футболи духтаронаи Испания дар Қаҳрамонии ҷаҳон сар зад. Он вақт Луис Рубиалес баъди пирӯзии дастаи духтарона, дар маҳзари ом Ҷенни Эрмосоро бӯсид. Ин кор вокунишҳои зиёдро дар бораи озори ҷинсӣ дар варзиш ба миён овард.
Худи Рубиалес иттиҳоми озори ҷинсиро рад кард. Эрмоси 33-сола баъди ин кор дар Инстаграм навишт, амали президенти Федератсияи футбол ба ӯ писанд наомад.
Амрико барои дидори Трамп ва Путин шарт гузоштааст

Вазири корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, дидори эҳтимолии Доналд Трамп бо Владимир Путин, аз пешравии музокирот дар бораи қатъи ҷанг дар Украина вобаста аст.
Марко Рубио 20-уми феврал гуфт, дар дидори ахираш бо Сергей Лавров дар Арабистони Саудӣ таъкид кардааст, ки вохӯрии Трамп ва Путин "то даме, ки надонем дар бораи чӣ суҳбат мешавад," баргузор нахоҳад шуд.
Рӯзи 18-уми феврал намояндагони Амрико ва Русия дар Арабистон тавофуқ карданд, ки барои гуфтугӯ дар бораи поёни ҷанг дар Украина гуруҳҳои корӣ ташкил мекунанд. Ҳам Трамп ва ҳам Путин аз тамоюлашон барои вохӯрӣ хабар доданд.
Марко Рубио дар мусоҳиба бо рӯзноманигори амрикоӣ Кэтрин Херриҷ, ки мустақиман аз шабакаи X пахш шуд, чунин гуфт: "фикр мекунам, ки замони баргузории ин мулоқот аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста хоҳад буд, ки оё мо метавонем дар хатми ҷанг дар Украина ба пешрафт ноил мешавем ё не. Агар мо ин корро карда тавонем, дар ин вохӯрӣ созишнома имзо мешавад ва ба назари ман ҳама бояд инро ҷашн гиранд, ки Трамп сулҳҷӯ аст."
Доналд Трамп борҳо гуфтааст, мехоҳад ба ҷанг дар Украина ҳарчӣ зудтар поён диҳад, аммо шеваи пешгирифтаи ӯ нигаронии Киев кишварҳои Аврупоро ба миён овардааст. Украина ва аврупоиҳо аз он тарс доранд, ки Вашингтон бидуни дар назар гирифтани манофеи онҳо бо Русия созиш мекунад.
Дидори Зеленский бо фиристодаи Трамп дар Киев

Фиристодаи махсуси президент Доналд Трамп дар масъалаи Русия ва Украина, бо Владимир Зеленский дар Киев вохӯрдааст. Вале ба гузориши "Ройтерс", нишасти хабарие, ки қарор буд баъд аз дидори Кит Келлог бо президенти Украина баргузор шавад, бекор шудааст.
Президенти Зеленский гуфтааст, дар гуфтугӯ бо намояндаи Трамп, вазъият дар ҷабҳа, бозгардонии ҳама асирони украинӣ ва кафолати амниятӣ барои Укринаро баррасӣ кардааст.
"Ҳақиқати Аврупо" навиштааст, Зеленский ба Кит Келлог гуфтааст, Киев омода аст, ки "дар бораи сармоягузорӣ ва амният" бо раиси ҷумҳури Амрико созишномаи таъсиргузор имзо кунад.
Ба гузориши расонаҳои хабарӣ, маъмурияти Доналд Трамп пештар ба Украина пешниҳод карда буд, ки 50 дарсади захираҳои табии худро дар ихтиёри Вашингтон қарор диҳад. Вале Зеленский аз имзои ин санад даст кашидааст.
Майк Уолтс, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед аз Украина даъват кардааст, ки танқид аз Амрикоро камтар карда ба ташаббуси Амрико барои ироаи маъданҳо розӣ шавад.
"Садои Амрико" гузориш додааст, ки Келлог дар рӯзи чаҳоршанбе баъди ворид шудан ба Киев гуфт, ҳадаф аз сафараш гӯш кардани мавқеи Украина аст.
Ҷей Ди Вэнс, муовини Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе гуфт, ба назари ӯ, поёни ҷанг наздик аст. Дар айни замон Вэнс афзуд, бидуни музокира бо Русия қатъи ҷанг номумкин аст.
Қурби рубли Русия дар баробари сомонӣ "ҷон" гирифт

Давоми чанд рӯзи ахир қурби рубли дар бозори асъори Тоҷикистон боло рафт.
Субҳи имрӯз, 21 феврал, Бонки миллии Тоҷикистон нархи ҳазор рубли русиро 123 сомонӣ муқаррар кардааст. Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи ҳафта гузашта ҳазор рубл бо 119 сомонӣ иваз карда мешуд.
Поёну болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон як мавзӯи муҳим аст, чун ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик маблағи худро бо рубл ба ватан мефиристанд.
Беқурбшавии рубли русиро дар Тоҷикистон одатан дар навбати аввал муҳоҷирони корӣ ва оилаҳои онҳо ҳис мекунанд.
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март 15 рӯз истироҳат мекунанд

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон мегӯяд, сокинони Тоҷикистон дар моҳи март 15 рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Ба гуфтаи ин ниҳод, бинобар он, ки баъзе ҷашнҳо, аз ҷумла, "Рӯзи модар" ва ҷашни "Наврӯз" ба рӯзҳои ғайрикорӣ рост меоянд, шаҳрвандон дар баъзе аз рӯзҳои корӣ ҳам истироҳат мекунанд.
Бар асоси Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид", агар ҷашни расмии давлатӣ ба рӯзи истироҳат, яъне шанбеву якшанбе рост ояд, пас рӯзи кории баъдӣ низ истироҳатӣ эълон мешавад.
Ба ин тартиб, "Рӯзи модар" ба рӯзи шанбе рост меояд ва сокинон рӯзҳои 8, 9 ва 10 март таътил хоҳанд дошт.
Ҳамчунин, рӯзҳои расмии истироҳат дар Наврӯз 21, 22, 23 ва 24 март мебошанд.
Азбаски 22-23 март ба шанбе ва якшанбе рост меоянд, рӯзҳои 25 ва 26 март низ истироҳат хоҳад буд.
Нигаронии сенаторон аз ҳарфҳои Трамп дар бораи Зеленский

Чанд сенатори шинохтаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аз ҳарфҳои ахири Доналд Трамп дар бораи президенти Украина Владимир Зеленский норозигӣ кардаанд. Трамп дар рӯзҳои ахир аз Зеленский интиқоди сахт кард ва ӯро "диктатори бе интихобот" хонд.
Баъзе сенаторони ҷумҳурихоҳ бо нигаронӣ гуфтаанд, сиёсати пешгирифтаи маъмурияти Трамп метавонад мавқеи Владимир Путинро мустаҳкам кунад.
Чанд тан аз қонунгузорон рӯзи 19-уми феврал изҳор доштанд, ки Украинаро қурбонии таҷовузи Русия меҳисобанд.
Ҷон Кеннеди, сенатори ҷумҳурихоҳ аз Луизиана гуфт, Владимир Путин ҷангро оғоз кард. "Ман бо назардошти таҷрибаи талх чунин меҳисобам, ки Владимир Путин гангстер (узви дастаи роҳзанон) аст... Вай мисли Сталин ба хун ҳавас дорад."
Роҷер Викер, сенатори дигари ҷумҳурихоҳ аз Миссисипи ҳам бо пуштибонӣ аз ҳарфҳои Кеннедӣ гуфтааст, музокирот барои қатъи таҷовузи Русия ба Украина, бояд бо ҳузури украиниҳо ва бо назардошти манфиатҳои Аврупо анҷом шавад.
"Путин ҷинояткори ҷангӣ аст ва бояд умри боқимондаашро дар маҳбас гузаронад, агар ба қатл расонда нашавад,"-гуфтааст ин сенатори амрикоӣ.
Баҳси лафзӣ миёни Доналд Трамп, президенти ИМА ва Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ғайриинтизор тундтар шудааст. Рӯзи 19-уми феврал Трамп гуфт, Зеленский бояд барои расидан ба сулҳ талош кунад, то кишварашро пурра аз даст надиҳад. Зеленский гуфт, Трамп таҳти таъсири дуруғпароканӣ мондааст.
"Ҳамос" ҷасади чор гаравгон, аз ҷумла ду кӯдакро ба Исроил дод

Гуруҳи фаластинии "Ҳамос", ки дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст, рӯзи 20-уми феврал ҷасади чор гаравгони ҳалокшудаи исроилиро ба Салиби Сурх супорид.
Ду нафари онҳо Ариэл Бибаси чорсола ва бародари нуҳмоҳаи ӯ Кфир буданд. "Ҳамос" пайкари модари ин кӯдакон Шири ва як асири калонсол Одед Лифшитсаро ҳам ба Салиби Сурх дод. Ҳамаи онҳо 7-уми октябри соли 2023 ва дар ҷараёни ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил асир шуданд.
Ярден Бибас, падари кӯдакони ҳалокшуда пештар аз сӯи "Ҳамос" озод шуда буд. Ӯро аз зану фарзандаш ҷудо нигоҳ медоштанд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ин рӯзро барои кишвараш рӯзи вазнин хонд.
Гуруҳи "Ҳамос" ҳанӯз моҳи ноябри соли 2023 эълон карда буд, ки кӯдакон ва модари онҳо дар ҳамлаи ҳавоии артиши Исроил ба Навори Ғазза кушта шудаанд. Дар вақти интиқоли ҷасадҳо, намояндагони "Ҳамос" бори дигар Исроилро сабабгори ҳалок шудани гаравгонҳо гуфтанд. Мақомоти Исроил то рӯзҳои ахир марги ин гаравгонҳоро тасдиқ намекарданд. Дар бораи чигуна ҳалок шудани ин чор гаравгони исроилӣ иттилои аниқ ва бетараф дар даст нест. Ярден Бибас ва хешовандонаш гуфтанд, талош мекунанд, ки қазия таҳқиқ шавад.
"Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 дар ҳамлае ба Исроил беш аз 1200 касро кушт ва зиёда аз 200 нафарро ба гарав гирифт.
Дар ҳамлаҳои Исроил ҳудуди 47 ҳазор фаластинӣ кушта ва даҳҳо ҳазори дигар захмӣ шуданд.
Ҷанги ду тараф понздаҳ моҳ давом кард ва моҳи январи имсол оташбас барқарор шуд.
Telegraph: Кишварҳои Аврупо нақша доранд ба Украина 30 ҳазор низомӣ фиристоданд

Нахуствазири Бритониё ҳафтаи оянда бо Доналд Трамп вохӯрда, нақшаи фиристодани қариб 30 ҳазор низомиро аз кишварҳои аврупоӣ ба Украина муаррифӣ мекунад. Дар ин бора нашрияи The Telegraph бо такя ба манобеаш хабар додааст.
Ба асоси нақшаи Бритониё, неруҳо баъди бастани созиши сулҳ бо Русия ва барои назорати сулҳ дар Украина мустақар мешаванд.
Дар назар аст, ки Кир Стармер, нахуствазири Бритониён ҳафтаи оянда барои дидор бо раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ба Вашингтон равад. Стармер қаблан гуфта буд, Бритониё омода аст, ки неруҳои худро ба ҳайси сулҳбон ба Украина фиристад. То ҳол ягон кишвари дигари аврупоӣ барои фиристодани низомиёни худ ба Украина эълони омодагӣ накардаанд.
Ба гузориши The Telegraph, бахши асосии нақшаи Бритониё дастгирӣ аз тарафи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст. Манбаъ менависад, Фаронса ҳам аз нақшаи Бритониён ҳимоят мекунад. Доналд Трамп ва маъмурияташ борҳо гуфтаанд, ки Аврупо бояд кафолати амнияти Украинаро ба уҳда гирад.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ҳафтаи гузашта гуфт, Киев мехоҳад, барои поён додан ба ҷанги Русия дар Украина ҳаракат кунад, вале афзуд, ки “мо кафолатҳои воқеии амниятӣ мехоҳем.”
Артиши Русия ба Херсон ҳамла кардааст

Неруҳои Русия шаби 19 ба 20-уми феврал ба шаҳри Херсони Украина ҳамла кардаанд. Волии вилоят гуфт, дар натиҷаи бархӯрди бомбҳои русӣ ба як баландошёна, чанд нафар азҷумла, як наврас захмдор шуд.
Роман Мрочко бо пахши наворе дар Телеграм гуфтааст, аз се бомби партобкардаи неруҳои Русия, якеаш ба баладошёнае дар маркази Херсон бархӯрд. Дар наворҳо дида мешавад, ки як қисмати бино пурра хароб шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти Украина, наҷотдиҳандагон тамоми шаб маҷруҳонро аз зери харобаҳо берун оварданд. Дастикам як навраси 13-сола ва се нафари дигар ҷароҳат гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол артиши Русия ду рӯз аст, ки бо бесарнишинҳо ба вилояти Одесса ҳамла мекунанд. Олег Кипер, волии вилоят гуфтааст, як нафар маҷруҳ шуд.
Ҳамчунин дар пайи ҳамлаи бесарнишинҳо қариб 5 ҳазор кас аз нерӯи барқ маҳрум шудаанд.
Додгоҳ ҳабси 4 гумонзади ҳамла ба "Крокус"-ро тамдид кард

Додгоҳе дар Маскав муҳлати ҳабси чор гумонзад дар ҳамла ба толори "Крокус"-ро барои як моҳ дароз кард.
Бар асоси қарори Додгоҳи ноҳияи Басманний, муҳлати ҳабси Фаридуни Шамсиддин, Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов то 24-уми марти имсол тамдид шуд.
Қарори додгоҳ дар ҳоле содир мешавад, ки Кумитаи тафтишоти Русия моҳи феврал таҳқиқи парвандаи ҳамлаи хунин ба толори консертии "Крокус"-ро ба анҷом расонд. Ба гуфтаи вакилони дифои гумонбарон, парванда то моҳи март ба додгоҳ меравад.
Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав шаби 22-юми марти соли гузашта сурат гирифт. Дар робита ба ин ҳодиса ҳудуди 20 кас боздошт шуданд, ки 14 нафарашон зодагони Тоҷикистон ҳастанд.
Ин афрод аз моҳи марти соли гузашта дар ҳабс ҳастанд. Шароити нигаҳдории гумонбарон дар Боздоштгоҳ маълум нест.
Волидони бархе аз онҳо ба матбуот шикоят кардаанд, ки дар бораи дастрасии фарзандонашон ба вакили дифоъ хабар надоранд ва аз замони боздошт то кунун аз имкони дидани фарзандон маҳруманд.
Президент фармони даъвати баҳорӣ ба артишро имзо кард

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон фармони даъвати баҳории ҷавонон ба артишро имзо кардааст.
Тибқи фармон, ки шоми 19-уми феврал Дафтари матбуоти раисиҷумҳур нашр кард, ҷавонони аз 18 то 27-сола, ки асоси қонуние барои озод шудан аз хизматро надоранд, ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҷалб мешаванд.
Дар Тоҷикистон хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ барои мардон ҳатмист ва барои саркашӣ аз он ҷарима ё то 2 сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Даъвати ҷавонон ба артиш, ки дар баҳору тирамоҳ анҷом мешавад, ҳамасола бо сару садо дар бораи ҷалби маҷбурӣ ё "облава" ҳамроҳ аст.
Як сабаби аслии сарпечии ҷавонон аз хидмати ҳарбии ҳатмии дусоларо дар бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон меноманд, ки гоҳо бо маргу маъюб шудани сарбозон меанҷомад.
Таҳримҳои нав алайҳи Русия. "Золотая корона" ба рӯйхати сиёҳ афтид

Иттиҳоди Аврупо дар остонаи сеюмин солгарди ҳамлаи Русия ба Украина, алайҳи Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.
Сафирони Иттиҳоди Аврупо рӯзи 19-уми феврал бастаи 16-уми таҳримҳоро мувофиқа кардаанд, ки аз 24-уми феврал ба иҷро медароянд. Дар ин бора Рикард Йозвяк, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гузориш додааст.
Ба иттилои оҷонсиҳои хабарии ҷаҳонӣ, таҳримҳои нави Иттиҳоди Аврупо марҳила ба марҳила манъи хариди алюминий аз Русияро пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин маҳдудиятҳо барои содироти нафт аз Русия сахтар хоҳад шуд.
Таҳримҳо 73 киштии нафткашро низ ҳадаф қарор медиҳад, ки тахмин меравад Русия барои давр задани маҳдудиятҳо аз онҳо истифода мебарад. Ҳамчунин 13 бонк дар “рӯйхати сиёҳ” қарор хоҳанд гирифт.
Пештар лоиҳаи «Система»-и Радиои Озодӣ гузориш дода буд, ки дар бастаи нави таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо, нисбати низоми интиқоли «Золотоя корона» ҳам маҳдудият ҷорӣ мешавад. Муҳоҷирони меҳнатӣ барои интиқоли маблағ аз ин низом зиёд истифода мебаранд.
Хабаргузориҳои ТАСС, «Лента.ру» ва чандин расонаҳои давлатии Русия ҳам аз сӯи Иттиҳоди Аврупо таҳрим мешаванд.
Аз замони оғози ҳамлаи бедалели Русия ба Укрина дар моҳи феврали соли 2022, Иттиҳоди Аврупо алайҳи Маскав таҳримҳои сангине ҷорӣ кардааст.